Азизам, шодам, ки туро хушбахт мебинам, ҳарчанд бароям дардовар аст бонуи дигареро дар канорат дидан. Аз алам мисли ҳезуми тар месӯзам, вале дилам намешавад, ки дуои бадат кунам, чунки ту буду набуди ман, шаҳди ҳаёти ман будӣ ва то абад дар дилам ҷовидонӣ мемонӣ.
Афсӯс, ки макру фиреби нотавонбинон моро аз ҳамдигар ҷудо кард. Оҳ, чӣ қадар сахт аст ҷудоӣ! Бе ту бемору бемадораму ашки хунин аз дида меборам. Суханони охиринат ҳар дам ба ёдам мерасанд ва ҷигарам аз ғам гӯё пора-пора мешавад. «Зара, хушбахт бош ва маро фаромӯш кун» гуфта, дарҳол телефонро хомӯш кардӣ. Нахостӣ садои гиряҳои зору доду фарёди диламро бишнавӣ. Ту рафтию зиндагӣ дар назарам анҷом ёфт, вале шояд дуоят назди Худованд мустаҷоб гашта будааст, ки билохира бахтамро ёфтам. Имрӯз хушбахтам ва дуо мекунам, ки ту ҳам бо занат хушбахт шавӣ, азизи аз даст рафтаам!
Восеъгидухтар Зара