Formula novemver 2024
ДУХТУРЗАН ШАВҲАРАМРО ДУЗДИД
4453

 

Ишқи писари хола

Бибию бобои модариям аз дори дунё ду духтар доштанд, модари ман духтари калониро ба писари ҳамсояашон ба занӣ додаанду холаам бошад, пас аз хатми донишгоҳ дар пойтахт мондааст. Падару модари ман мудом дар хизмати бибиву бобоям буданд ва баъди хонадор шудани амакиҳоям тамоман барои зиндагӣ ба хонаи онҳо кӯчиданд. Мо чор фарзанд- ду писару ду духтар, дар сояи меҳри волидон ва меҳрубониҳои бибиву бобоямон ба воя расидем. Холаам ҳар сол як маротиба дар тобистон бо писари ягонааш ба меҳмонӣ меомаду мо аз хурсандӣ ҷойи нишасташро намеёфтем. Холаам дар Душанбе дар як донишгоҳ муаллима буд. Ман духтари калонии оила будам ва баъди хатми мактаб бо маслиҳати холаам ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супоридам. Донишҷӯ шудам, ҳарчанд мехостам дар хобгоҳ зиндагӣ кунам, аммо холаам нагузоштанд. Ҳамсараш аз бемории саратон оламро падруд гуфта буду дар ҳавлии калони барҳаво ӯ ва писараш Насим танҳо мезистанд. Насим дар курси дуввуми Донишгоҳи тиббӣ мехонду бо мошин ба дарс рафта меомад, ҳар субҳ аввал маро бурда мемонд, баъд худаш ба донишгоҳ мерафт. Мо бо ҳам дӯстони хуб будем, вале оҳиста-оҳиста ошиқи шайдои якдигар гаштем. Холаам инро эҳсос карда, ба хонаамон хостгорӣ рафт, падару модарам ризо шуданд. Баъди як моҳ бояд тӯй барпо мегашт, вале аввал бобоям, баъди додани чили ӯ бибиям оламро тарк карда, моро ғамгин сохтанд. Тӯйи мо ба таъхир афтоду баъди ҳафт моҳ барпо шуд. Ману номзадам дар зери як бом дӯстона мезистем, байни мо ғайри суҳбатҳо ва бӯсаҳои гоҳ-гоҳӣ чизи дигар набуд.Тӯй тобистон, вақти таътил баргузор гашту ман ин дафъа келин шуда, ба хонаи холаам омадам…

 Тавлиди шоҳписарҳо

Ман ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ гузаштам, зеро ҳомиладор шудам. Баъди гузаштани муҳлати ҳамл, Худованд ба ман ду писари дугоник доду сари холааму шавҳарам аз ин ҳадяи илоҳӣ ба осмон расид.Писаронам сергӯштаку зебояк ва ба ҳам чун себи дукафон монанд буданд, холаи бечораам ҳам кори давлат мекарду ҳам кори хонаи калонро ба субут мерасонид. Ман фақат банди фарзандонам будам, модарам гоҳ-гоҳ омада, як ҳафта, ду ҳафта истода, ба ман кӯмак мекард. Солҳо мегузаштанду Хуршеду Ҷамшеди ман низ қад кашида, ба воя мерасиданд. Дар ин миён шавҳарам донишгоҳро хатм карда, бо ёрии хушдоманам дар як бино, ошёнаи аввал хонаи якҳуҷрагиеро харида, ҳуҷраи дандонпизишкӣ кушод. Акнун ӯ субҳи барвақт ба кор мерафту бегоҳ бармегашт, ман низ дипломи омӯзгориямро гирифтам, лекин кор намекардам. Кори шавҳарам рӯз ба рӯз беҳтар мешуд, ӯ як марди замонавии соҳиби кору мошину пул ва хеле зебо, ман бошам, рафта-рафта, ба як зани хонагӣ табдил ёфтам.

   Поёни ишқ

Як рӯз ба холаам гуфтам, ки акнун писаронам мактабхон шудаанд, дар синфи сеюм мехонанд, агар иҷозат бошад, ман кор бароям. Аммо холаам насиҳатомез гуфт, ки то нафақа баромадани ман ҳамагӣ ду солаки дигар мондааст, баъд ман хона мешинаму ту кор баро. Холаам аз дарди дил азият мекашид, дар Эрон ҷарроҳӣ ҳам карда буд, аз ин рӯ, бо ӯ бо эҳтиёт гап мезадем. Ман ҷуз розӣ шудан илоҷе надоштам…

Муносибати шавҳарам бо ман мисли пешин ошиқона ҳам набошад, маро ҳеҷ гоҳ намеранҷонд, писаронамро дӯст медошт. Онҳоро ҳар саҳар худаш ба мактаб бурда мемонд ва баъди дарс ба хона меовард. Сермеҳмон будем ва ман ҳамеша пайи кору бори ин хонаи сермеҳмон банд будам.

Шавҳарам барои сайқал додани таҷрибааш ва омӯхтани тарзи нави шинонидани дандон ба Олмон сафар кард, он ҷо бояд ду моҳ дарс мехонд. Медонистам, ки аз ин ҷо ҳамроҳаш чор нафари дигар низ мераванд, вале намедонистам як нафараш зан аст. Хайр агар медонистам ҳам, чӣ кор карда метавонистам? Ана ҳамин зани аз шавҳараш барои бефарзандӣ ҷудошуда, ки ӯ низ табиби дандон будааст, тули ду моҳ Насимро ба доми худаш афтонд. Падари фарзандонам аз Олмон тамоман каси дигар шуда омад. Акнун шаб дар миён ба хона намеомад, ба мактаб бурдану овардани Хуршеду Ҷамшед низ ба зиммаи ман буд. Ман лабамро зери дандон карда, чизе намегуфтам, ҳарчанд бегонадилии ҳамсарам рӯз то рӯз зиёдтар мешуд. Холаам як шом ӯро наздаш шинонида, суҳбат кардан хост, аммо Насим ба модараш, ки барои ӯ ҳам падару ҳам модар буд, гапгардонӣ намуд. Байни модару писар чӣ шуду чӣ монд, ки ҳамон шаб холаамро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурдем…

Мусибат

Талоши духтурон самаре надоду баъди ду рӯз ҷасади сарди холаамро ба хона овардем, ман холаамро аз модарам зиёдтар дӯст медоштам ва ин талафот бароям миёншикан омад. Насим танҳо то чили модараш тоқат кард ва боз сар шуд шабгардию дер омаданаш, кор то ҷое расид, ки ҳангоми дар хона буданаш низ ба ман умуман аҳамият намедод, танҳо бо писаронам дилу бедилон гап мезаду халос. Баъди ду моҳи марги холаам Насим ба ман гуфт, ки мо бояд ҷудо шавем. Чун сабаб пурсидам, гуфт, ки каси дигарро дӯст медораду ӯ ҳомиладор аст. Баъдтар фаҳмидам арӯсаш кист. Ҳамон духтурзани ҳамроҳаш ба Олмон сафар намуда будааст. Дар урфият мегӯянд, ки сагро ба зӯрӣ шикор бурда намешавад, ман розӣ шудам. Насим, ҳатто хотири хешу таборӣ ва ду писари нозанинамонро накарда, эълон дошт, ки ҳавлиро мефурӯшаду барои ҳардуямон хона мехарад. Ба ин ҳам чизе нагуфтам, ин марди аз ишқ кӯршуда ҳавлии бо азобҳо обод кардаи модарашро фурӯхта, барои ману писаронам як хонаи якҳуҷрагии бетаъмир дар як гӯшаи шаҳр гирифта доду бо ҳамин аз ҳаёти мо ғайб зад. Ба ӯ на насиҳатҳои хешу табори падарияш таъсир мекарданду на гиряву зории модарам, аммо ман аз ӯ сахт ранҷида будам, муҳаббати доштаам ба нафрати бепоён табдил ёфта буд. Ба қавле миёнамро аз ҳафт ҷояш баста, ба зиндагии нав оғоз кардам…

  Зиндагии бе такягоҳ

Падарам дар ин байн аз дунё гузашту додаронам ба хотири дили ман аз ҳисоби худашон хонаамро таъмир карда доданду ман онро бо ҷиҳози рӯзгоре, ки аз ҳавлӣ ҳаққи ту гӯён, Насим дода буд, оро додам. Дар наздикии хонаамон мактаб воқеъ буд, ҳамон ҷо ба кор даромадам, директори мактаб бонуи хубе будаасту баъди шунидани саргузаштам, маро ба кор гирифт. Писаронамро низ ба ҳамин мактаб гузаронидам, аробаи шалақи зиндагӣ бо маоши муаллимӣ пеш намерафт, аз ин рӯ, ширинӣ пӯхта, ба магазини хӯроквории дар назди мактаб буда медодаму каме маблағи дигар пайдо мекардам. Оҳиста-оҳиста писаронам қад кашида, ба воя мерасиданду дар пухтупаз ба ман ёрӣ медоданд.

(Идомаашро фардо соати 11 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД