formula feb 2025
Духтаронам аз рашк зани ҳомилаамро аз хона берун кардан мехоҳанд
14.02.2025
Oila.tj
1240

Салом! Аз зиндагӣ шикоят кардан кори мардон нест, аммо рафтори фарзандонам маро маҷбур намуд, ки сирри диламро ба хонандагони азиз гуфта, маслиҳат бипурсам.

Ман марди 55-сола ҳастам. Занам ҳанӯз понздаҳ сол пеш аз касалии саратон аз дунё гузашта буд. Ҳамсарамро сахт дӯст медоштам ва баъди маргаш бисёр ғамгин шуда, ранҷу азоб кашидам, вале ҳамагон хуб медонанд, ки риштаи тақдири одамизод дар дасти Худованд асту мо бандагонаш дар пеши марг ва қазову қадар оҷизу бечора ҳастем.

Ҷавонмарди 40-сола бошам ҳам, хотири фарзандонам баъди марги ҳамсарам муддати 10 сол безан гаштам. Намехостам, ки дар ҷойи модарашон зани дигарро дида, фарзандонам азоби рӯҳӣ кашанд. Мехостам аввал онҳоро хонадор кунам ва баъд аз паси сомон додани зиндагии худам шавам.

Хулласи калом, тамоми қуввату неруямро сарфи ҷигарбандонам намуда, 4 фарзандамро, ки ду духтару ду писар ҳастанд, калон кардам, хонондам ва бо обрӯ хонадор кардам. Пас аз зан додани писаронам ҷавонзанеро ба никоҳам даровардам, аммо писару келинҳоям зид набошанд ҳам, духтаронам қиёматро қоим карданд. “Шарм намедоред, ки як ҳамсоли духтарҳоятонро ба занӣ гирифтед” гӯён, онҳо барои зани ҷавон гирифтанам ҳамеша маро сарзаниш мекарданд, ҳарчанд зани гирифтаам 25-сола ва бо майлу ризои худаш бо ман оиладор шуда буд. Духтарҳоям ба ҳар кори занам эрод гирифта, ӯро мазоқу масхара мекарданд, ки дигар мард наёфта, ба мани мӯйсафед ба шавҳар баромадааст ва ӯро рӯз намедоданд.

Ҳамин тавр зани ҷавонам ба ҷангу ҷидоли духтаронам тоб наоварда, чанд моҳ пас аз хона баромада рафт ва ман боз тани танҳо мондам. Ҷӯраҳоям маслиҳат доданд, ки аввал духтаронамро ба шавҳар диҳам ва баъд зан гирам, чунки духтар ҳамеша ба падараш рашк мекунад. Маслиҳати онҳоро гирифта, ҳарду духтарамро, ки дугоник ҳастанд, дар як рӯз ба шавҳар додам ва бо обрӯ ба хонаи бахташон гусел кардам. Барои он ки боз фарзандонам эрод нагиранд, ин дафъа бо як зани шавҳармурдаи 40-сола издивоҷ намудам. Гумон мекардам, ки ақаллан ба хотири синну солаш духтаронам дигар бо моиндарашон ҷангу ҷидол намекунанд, вале хаёлам хом баромад. Соҳиби шавҳар ва хонаву дари обод бошанд ҳам, духтаронам боз ба зиндагии ман кордор шуда, ин занамро низ аз хона берун кардан мехоҳанд. Занам аз шавҳари якумаш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудаасту бо инояти худованд ҳоло аз ман ҳомиладор аст. Аз он ки дар 40-солагӣ модар мешавад, бениҳоят хурсанд аст ва дар куртааш намеғунҷад, вале духтаронам аз ҳоло ба фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадаи ӯ бахилӣ карда истодаанд ва келину бачаҳоямро ба муқобили моиндарашон шӯронданӣ ҳастанд. Онҳо ошкору ниҳон мегӯянд, ки “зани падарам таваллуд кунад, хонаву дарро соҳиб мешавад ва шумо бо зану кӯдаконатон дар кӯча мемонед”. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ин тавр нест ва касеро аз хона берун карданӣ нестем, бовар намекунанд. Бо таъсири шӯрандозии духтаронам акнун муносибати писарону келинҳоям низ бо занам бад шудааст. Онҳо дигар ба моиндарашон рӯйи хуш намедиҳанд. Ҳамсарам мегӯяд, ки ба вай хонаву дари ман даркор нест, агар фарзандонам дар ин хона мондани ӯ ва тифлашро нахоҳанд, ошкоро бигӯянд, вай бе ҷангу ҷидол аз хона баромада меравад. Занам маълумоти олӣ дорад ва мегӯяд, ки бе кумаки ман ҳам метавонад фарзандашро ба танҳоӣ ба воя расонад.

Намехоҳам дар ин синну сол аз рӯйи фарзандонам бори сеюм хонавайрон шавам. Танҳоӣ барои мард хеле мушкил аст, аммо духтарҳои ман инро фаҳмидан намехоҳанд. Намехоҳам аз рӯйи писару духтарони болиғам, ки худашон оиладор ва соҳиби хонаву дари обод ҳастанд, занамро бо тифли бегуноҳ аз дар берун намуда, пеши худованд гунаҳкор шавам, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ онҳоро ба мусолиҳа оварда натавониста истодаам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки ҳам фарзандонам наранҷанд ва ҳам зиндагиам вайрон нашавад?

М. К.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД