Commerc banl
Духтарон чӣ гуна, модарон намуна
28.03.2026
Oila.tj
52

Мақоли машҳурест: «Духтар чӣ гуна, модар намуна». Гар гўяндаи ин мақол мегуфт, ки «Фарзанд чӣ гуна, модар намуна», гумон мекунам он саҳеҳу равшантар садо медод, зеро новобаста аз ҷинсият фарзандро модар тарбия мекунад. Падар ҳамеша пайи мусоид намудани шароити моддии фарзанд банд асту бузургтарин шарти одам будан - маънавиётро танҳо модар дар ботини фарзанд ҷой карда метавонад.

Ёд дорам, чанд сол пеш бо донишманди маъруфи тоҷик, профессори суханшинос шодравон Маҳрам Файзов суҳбати матбуотие анҷом дода шуда буд. Чун сухан дар бораи тарбияи атфол меравад, устод андешаманд мегӯянд: “Аз касе пўшида нест, ки имрўз аксарияти модарони мо худашон муҳтоҷи тарбия ҳастанд”.

Мушоҳидаи дар боло овардаи банда низ як исботест аз бетамизиҳои зане, ки номи баланди модарро мушарраф гаштаю рисолати бар дӯш доштаашро иҷро карда наметавонад.

Равоншиносон кайҳо исбот кардаанд, ки тарбияи тифл аз рўзҳои аввали пайдо шудани ў дар батни модар оғоз меёбад. Баъдҳо, модар барои фарзанд як оинаи ибратест, ки дар он ояндаи хешро муҷалло мебинад. Фарзанд аз синни хурдӣ дар сояи модар роҳ рафта, барои минбаъда роҳи зиндагии худро муайян мекунад.

Хулоса, модар роҳбалади ҳар як инсон аст дар роҳи ояндаи ў. Худо нигаҳ дорад, агар худи роҳбалад раҳгумзадаю зери пардаи ҷаҳолат ва бесаводӣ монда бошад! Пас аз пушти ў рафтан инсонро на ба ояндаи рӯшану наздик, балки ба чоҳи ҷаҳолату нодонӣ ва ботлоқи бадахлоқӣ мебарад.

Падар, ғайр аз он ки ризқрасони оила ба шумор меравад, бояд барои фарзандон намунаи олии эътимоду боварӣ, мардонагӣ, ростгўию ростқавлӣ ва инсонӣ бошад. Агар дар ахлоқи падари хонадон костагии ахлоқие мушоҳида шавад, осори хеле баде боқӣ мегузорад дар раванди тарбияи фарзандон.

Барои ҳамин, волидонро лозим аст назди фарзандон аз гуфтани алфози қабеҳ ва амалҳои ноҷо худдорӣ кунанд.

РИСОЛАТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД