Formula novemver 2024
ДУХТАРИ НОБОЛИҒ ДАСТ БА МАЙХОРАГӢ ЗАДУ...
3208

Вайрон шудани ахлоқи иддае аз занону духтарон падидаи нангинест, ки вақтҳои охир дар ҷомеаи мо тез-тез ба вуқуъ пайваста, ба обрӯи зан-модари тоҷик латма мезанад. Бадбахтона, дар байни бонувоне, ки даст ба дуздию ғоратгарӣ, қаллобию авбошӣ, майзадагию бероҳагӣ ва дигар амалҳои нангин мезананд, духтарони ноболиғ низ ҳастанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як духтари 15-сола дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 3-юми апрел, тахминан соатҳои 4.30-и субҳ ин духтари ноболиғ дар ҳолати мастӣ аз ҷайби марди 35-солаи ҳамроҳаш маблағи 960 сомониро зӯран гирифта, фирор намудааст.
Алайҳи ин духтари ноболиғ, ки қаблан суд шудааст, бо моддаи 248-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад, вале...

Саволе ба миён меояд, ки дар соати 4-и саҳар, ки ҳанӯз субҳ надамидаю мардум ҳама масти хобанд, ин духтари ноболиғ бо марди 35-сола бо чӣ кор машғул буд? Гумон мекунам, посухи ин савол ба ҳеҷ шарҳе ниёз надорад.

Фарз кардем, ки духтар ноболиғ ва ҳанӯз беақл буда, оқибати амалҳои худро фикр намекунад, вале ақлу инсофу ҷавонмардии марди 35-сола куҷо буд?! Одатан дар ин синну сол мардони тоҷик оиладор буда, 3-4 фарзанд доранд. Эҳтимол фарзандони марди ба қавле “ҷабрдида” ҳамсинну соли ин духтар бошанд. Худое накарда ба ҷойи ин духтар фарзанди худи ӯ мебуд, он гоҳ чӣ кор мекард?!

Чаро мардони баркамол пеш аз дилхушӣ кардан бо духтаракони ҷавон худро ба ҷойи волидони он духтар гузошта, ба ҷойи бо ноболиғ айшу ишрат кардану қадар бардоштан ҳамон духтараки гумроҳро насиҳат намекунанд? Магар мусалмонию одамгар ҳамин аст?!
Пешниҳоди банда чунин аст, ки дар чунин ҳолатҳо натанҳо духтарони ноболиғи ба чунин амалҳои ношиста даст зада, балки мардони бо онҳо қадар бардошта, ишрат мекардагӣ ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Шумо чӣ мегӯяд? Андешаҳои худро дар шаҳри мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД