arzon replenishment
Духтари муаллимро ба занӣ гирифта, ба бало гирифтор шудам
07.04.2025
Oila.tj
1255

Салом! Аслан сирру асрори зиндагии оилавии худро кушодан шоистаи мардон нест, вале рафтори занам маро маҷбур кард, ки қиссаи зиндагиамро нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ман дар вақташ занамро ба хотири духтари муаллим буданаш хуш карда будам ва умед доштам, ки бо фарзанди чунин одамони зиёӣ хушбахт мешавам, аммо аз тӯямон чанд моҳ нагузашта, занам аз кӯчаи одаму одамгарӣ нагузаштанашро нишон дод. Вай гоҳ бо модарам баҳс мекарду гоҳ бо додарам, гоҳи дигар зани акаамро ба гиря медаровард. Чунон маҳмадоно аст, ки гӯё муаллими ягон донишгоҳ бошад. Гумон доштам, ки фарзанддор шавад, ақлаш ба сараш мезанад, вале баъди таваллуд карданаш занам нағмаҳои нав баровард. Рафту кӯдак шабона хоб накунад, тифлаки бегуноҳро чунон дашномҳои болохонадор медиҳад, ки аз шуниданаш даҳони кас воз мемонад. Чанд маротиба гуфтам, ки дар хонаи мо занҳо чунин гапҳоро ба забон намеоранд, даҳонашро нигаҳ дорад, вале занам аз ин одати бадаш даст кашиданӣ нест. Бо падару бародаронам сар ба сар шуда, маро дар ҳолати ногувор мегузорад. Ҳайронам, ки чи тавр аз падару модари бофарҳанг чунин фарзанди беҳаё ба дунё омадааст. Волидони занам ба таълиму тарбияи фарзандони мардум дода шуда, аз духтари худашон бехабар мондаанд.

“Ман дар хонаи шумо хизматгор нестам” гуфтани занам ҷонамро ба лабам овардааст. Магар янгаҳои калонии ман хизматгор буданд?

Ҳурмату эҳтироми хонаводаи шавҳар аз даврони қадим ба мо, тоҷикон расм шудааст, вале ҳамсари ман инро фаҳмидан намехоҳад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Х. И.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД