Arzon march 2024
Духтари дӯстдоштаамро дуздам?
1067


Дӯстдоштаи маро бе хоҳиши худаш ба шавҳар дода истодаанд. Агар ӯро бо хоҳиши худаш дуздида, ба ягонҷо бурда пинҳон кунам, одамрабоӣ маҳсуб меёбад? Маро барои ин кор ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Парвиз, аз н. Варзоб

Посух

Тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқтараш моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 181-и ҳамин Кодекс пешбинишуда одамрабоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар асоси моддаи 22 Кодекси мадании ҶТ қобилияти шахси воқеӣ барои бо амалҳои худ ба даст овардан ва амалисозии ҳуқуқҳои маданӣ, барои худ ба миён овардани уҳдадорӣ ва иҷро намудани он (қобилияти амалкунии маданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне ҳангоми расидан ба синни ҳаждаҳ ба вуҷуд меояд. Яъне, баъди расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ шахс мустақилона амалҳои барои манфиатҳояш таъсирдоштаро амалӣ мекунад ва барои он амалҳо дорои масъулият ва ӯҳдадориҳо мебошад.

Тибқи қонунгузории оилавии ҶТ танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушду камолоти онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад. Оила бо розигии шахсони никоҳшаванда бунёд карда мешавад ва дар ин самт маҷбуркунӣ роҳ дода намешавад.
Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки шиносатон ҳуқуқ дорад озодона ҷойи истиқомати худро интихоб кунад, барои бастани ақди никоҳ розӣ шавад ё ин ки нашавад. Ин ҳуқуқи ӯ мебошанд. Бо хоҳиши худаш ҳамроҳи шумо ҷойи истиқоматашро интихоб кунад ва дар кирдорҳои шумо аломатҳои таҳдид, маҷбуркунӣ ва дигар ҳолатҳои бо қонун манъшуда ҷой надошта бошад, пас аз нигоҳи қонун мушкилие нест. Аммо мо тавсия медиҳем, ки оилаатонро бо ризоият ва бо мувофиқаи ҳам духтари никоҳшаванда ва ҳам волидони ӯ бунёд намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД