arzon replenishment
Духтари бурутдор
1934

 

 

Доштани бурут ва риш албатта барои занҳо нохушояннд аст. Аммо, духтари Ҳиндустони Шайҷа аз бурут ва риши худ ифтихор мекунад. Дар бораи ин духтараки булаҷаб сомонаи ӯзбекии ВВС чунин навиштааст:

“Духтараки бурутдори Ҳиндустонӣ пас аз он ки расмашро дар саҳифаи иҷтимоии фейсбук гузоштанд, дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор гирифт. Бисёриҳо ба ин духтари бурутдор бо тааҷҷуб менигаранд, бархи дигар ба ҳолаш хандида ӯро масхара мекунанд, шахсоне низ ҳастанд, ки аз бурут доштанаш ифтихор намуданро ба ӯ талқин менамоянд.

”Шайҷа аз чӣ гуфтани мардум ва бурут доштанашро чӣ гуна қабул кардани онҳо заррае парво надорад. Вақте одамон аз ӯ мепурсанд, ки чаро бурут гузоштааст, чунин посух медиҳад: "Бурутам ба худам писанд аст!"

Шайҷа 35-сола буда, дар ноҳияи Каннури штати Кералаи ҷанубӣ тавлид ёфтааст. Бурут барвардани ин духтари ҳиндӣ таърихи аҷибе дорад. Сароғоз дар рӯйи Шайҷа мисли аксари занҳо мӯйҳои хурди ба назар чандон нонамоён баромадааст. Ҳарчанд ӯ қошҳояшро чинад ҳам, аммо чидани мӯйи болоии лабро зарур нашуморидааст.Ҳамин тавр мӯйҳои рӯяш оҳиста-оҳиста зиёдтар гашта, оқибат ба бурут табдил ёфтаан.

Шайҷа акнун ба бурутҳояш сахт одат карда, гуфтааст:
"Ман бе бурут ҳаётамро тасаввур карда наметавонам. Дар давраи Covid бо пӯшидани ниқоб худро ноҳинҷор ҳис мекардам."
Солҳои охир байни занҳо чидани мӯйи рӯй мӯд шудааст, аммо Шайҷа бар зидди чидани мӯйи рӯй мебошад. Духтари бурутдори ҳиндӣ бар он ақида аст, ки инсон набояд аз чизе, ки худованд додааст, ношукрӣ карда, кӯшиши тағйир додани сурати ато намудаи Офаридгорро кунад, зер ин гуноҳ ва як навъ исён алайҳи Худост.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД