Духтари ҳунарманди ҷавонмарги тоҷик Баҳром Ғафурӣ ба бемории саратон гирифтор шудааст.
Тавре корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, муддати шаш моҳ мешавад, ки ин духтараки маъсум бо саратон мубориза мебарад. Яке аз дӯстони марҳум Баҳром Ғафурӣ то ин дам дар табобаташ кумак мерасонидааст ва ҳоло низ ба қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад, вале барои мубориза бо ин бемории вазнин маблағи зиёде лозим аст.
Шахсони хайрхоҳе, ки мехоҳанд дар табобати фарзанди зиндаёд Баҳром Ғафурӣ саҳми худро гузоранд, метавонанд хайрияи хешро ба кортҳои зерини бонкӣ гузаронанд:
№0185 ш. Душанбе 15.08.2026 Malika N / Малика Н
Душанбе СИТИ: 907025564 Malika N / Малика Н
Алфа-Банк: 907025564 Malika N / Малика Н
VISA: 4444 8888 1527 9348 Malika N / Малика Н