Formula novemver 2024
Духтари ҳақоратчӣ паси панҷара шуд
748

Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъд аз баррасии шикоятҳои шаҳрвандон, Алиева Моҳира Абдуллоевна, санаи таваллудаш 22.03.2000, зодаи деҳаи Тагоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Бухороро дастгир кардю

Номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ навор паҳн намуд, ки он боиси коста гардидани ахлоқи ҷомеа мегардад. Ӯ аз ҷумла, корбаронро ҳақорат карда, бо садои баланд Мутриба гуфта дод зад. Дар шарҳҳо ӯро зиёд интиқод карданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Алиева Моҳира барои итоат накардан ба кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.

Суд дар навбати худ нисбат ба номбурда ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ намуд.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин ҳам, чанд сарояндаву блогер барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дағалгуфторӣ дар интернет ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД