Alif Intiqol
ДУХТАРИ АБДУЛЛОИ "ШАКАРХАНД" ДАРГУЗАШТ
10405


Марями Абдулло, духтари Абдулло Шарифов, ҳунарманди театрти “Шакарханд” баъд аз як соли беморӣ аз дунё даргузашт.

Марями Абдулло муддати як сол боз аз беморӣ ранҷ мекашид. Падари духтарча Абдулло Шарифов, тариқи паёмҳои видеоӣ аз мардум хост дар ин рӯзҳои сахт ба сӯяш дасти ёрӣ дароз намоянд. Хайрхоҳон ба қадри тавони худ барои табобати Марям кӯмак расониданд ва падари духтарча аз эшон изҳори сипос намуда, умед дошт, ки ҷони фарзандашро наҷот мебахшад, аммо...
Талошҳои табибон барои табобати Марям суд надоданд ва ин духтарчаи фариштарӯй билохира бо дили пурормон аз олам даргузашт.

Ба хотири изҳори тасаллият ба падари ҷигарсӯхта мо ба Абдулло Шарифов занг задем.
“Духтарҷони маро дар сараш об пайдо шуд ва аз ҳамин беморӣ фавтид. Дар аввал гуфта буданд, ки фишори дохили мағзӣ дорад, об пайдо шуданашро баъд гуфтанд. Як сол кӯдакам ранҷ кашид, як сол”-бо садои гиряолуд гуфт зимни сӯҳбат Абулло Шарипов.

Ҳунарманд мегӯянд, ҳарчанд, ки умр ба духтарчааш вафо накард, вай аз тамоми шахсони некдил ва хайрхоҳе, ки дар рӯзҳои сахт аҳли оилаи онҳоро танҳо нагузошта, ба сӯяшон дасти ёрӣ дароз намуданд, сидқан миннатдор аст.
Абдулло Шарифов ҳунарманди театри “Шакарханд” буда, бо образҳои офаридааш дар дили отамошобинон маъво гирифтааст.

Аҳли эҷодии сомонаи Оила. ТЧ ҳамдардии худро ба ин марди ҳунар ва аҳли хонадонаш баён намуда, аз даргоҳи худованд дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Бигзор ҷойи Марями кӯчак дар равзаи биҳишти ҷовидон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сабзали 2021-09-01, 17:36
Акаи Абдулло Аллоҳ сабри ҷамил насиби худату наздиконат кунад ва духтарчаатро дарҳои Ҷаннатул фирдавсро боз кунад илоҳим омин😭
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сабзали 2021-09-01, 17:36
Акаи Абдулло Аллоҳ сабри ҷамил насиби худату наздиконат кунад ва духтарчаатро дарҳои Ҷаннатул фирдавсро боз кунад илоҳим омин😭
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД