arzon replenishment
ДУХТАРИ 3-СОЛА АЗ ЭЙНШТЕЙН ДОНОТАР
1046

Духтарчаи се сола Алексис Мартин донотарин кӯдаки Амрико эътироф гаштааст. Дар чунин синну соли кӯчак Алексис харитаи ҷаҳонро азёд карда, тамоми пойтахтҳои ҷаҳонро медонад.

Тифлак аз илми ҷуғрофия низ огаҳӣ дорад ва худаш мустақилона забони испаниро омӯхтааст. Волидони Алексис бори нахуст ҳангоми 18 моҳа будани фарзандашон аз қобилиятҳои ғайриодии ӯ огоҳ шуда буданд.

Акнун ин духтарчаи донояк афсонаҳоро бо забони испанӣ, ки онро бо воситаи компютер, бе кӯмаки волидонаш омӯхтааст, тарҷума мекунад. Вақте олимон ӯро аз ташхиси IQ гузарониданд, ҳайраташон дучанд гашт-духтараки 3-сола 160 хол гирифт. Ин миқдори тафаккурро танҳо Алберт Эйнштейн ва Стивен Хокинг доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД