Салом! Ман зани 58-сола ҳастам ва ба бемории саратон гирифторам. Медонам, ки аз умрам рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Мо оилаи камбизоат ҳастем, аз ҳамин сабаб мехоҳам ба зиндагиам духтарамро ба шавҳар диҳам,вале ҳанӯз 18-сола нашудааст. Донистан мехостам, ки духтарро дар 17-солагӣ ба шавҳар додан мумкин аст ё не?
Посухи адвокат Холида Шомирзоева
Бале, дар баъзе ҳолатҳо духтарони ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасидаро ба шавҳар додан мумкин аст, вале ин масъала тариқи суд ҳал мешавад.
Ҳангоми пешниҳоди ариза ба суд ҳолатҳои ҷойдоштаро бо факту далелҳои боэътимод дар хусуси вазнин будани шароити зисту зиндагии никоҳшаванда, ки 17-сола мебошад, ҳатман зикр кардан лозим аст.
Омода будани духтари 17-соларо ба никоҳ бо пешниҳоди маълумоти тиббӣ оид ба тайёр будан ба дунёди оила бояд собит созед. Аммо шарти муҳими бастани никоҳ муҳаббати ҷонибҳо буда, дар суд ба инобат гирифта мешавад.