formula
Духтари 17-сола бо кумаки YouTube таваллуд кард
3405

 

Дар шаҳри Коттаккали Ҳиндустон наздикони як духтари 17-сола баъд аз сипарӣ гардидани ду шабонарӯз аз тавлид ёфтани тифл дар хонаашон хабар ёфтанд. Азбаски падари духтар шабона дар кору рӯзона хоб рафта, модараш нобино будааст, аз ҳомиладории ӯ наздиконаш хабар наёфтаанд. Тавре маълум шуд, духтар тамоми моҳҳои ҳомиладорӣ тавассути роликҳои интернетӣ дар YouTube чӣ гуна таваллуд карданро омӯхта, барои ба дунё омадани тифлаш омодагии пурра дидааст. Айни замон модару кӯдак дар беморхона қарор доранд, вале падари тифл, ки ҷавони 21-сола аст, ба ҳабс гирифта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД