Муддати ду моҳ мешавад, ки ҳиндудухтар Чандни бо як хусусияти булаҷаби худ диққати атрофиёнро ҷалб сохтааст. Гап сари он аст, ки аз чашмони Чандни ба ҷои ашк санг мебарояд. Сараввал дар зери пилкҳои чашми духтарак ғурачаҳои даҳшатнок пайдо мешаванд ва баъдан аз зери пилк пораи санг мебарояд. Чунин ҳолат рӯзона рух медиҳад ва бо сабабҳои номаълум шабона духтарак ором мехобад. Наздикони Чандни аллакай беш аз 70 пора санги аз чашмони духтарак беруншударо ҷамъоварӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки табибони чашм ба хусусияти табиӣ доштани ин рӯйдод бовар надоранд ва духтаракро қаллоб мешуморанд. Ба гуфтаи табибон духтар худаш сангҳоро ба пилкҳояш мегузорад ё пайвандонаш ӯро ба ин кор маҷбур месозанд.