Arzon march 2024
Духтарчаҳои фарбеҳ тез ба балоғат мерасанд ё лоғарандом?
990


Салом! Ман дар бисотам ҳамагӣ 2 духтар дорам. Духтари калониам 12-сола бошад ҳам, хислаташ мисли писарон аст, мудом футболблозӣ ва давутоз карда мегардад, ба ороишоти занона аҳамият намедиҳад.

Духтарчаи хурдиам нав 9-сола шудааст, вале аз ҳоло мисли духтарҳои қадрас ба худаш аҳамият дода, дар як рӯз чанд бор либосашро иваз мекунад, мӯяшро оро медиҳад ва дар назди оина худро тамошо карда, лаззат мебарад. Газгӯшт аст, аз ҳамсолонаш калонтар менамояд.

Мегӯянд, ки духтарчаҳои фарбеҳак тез ба балоғат мерасанд. Ин гап ягон асос дорад?
Манзура, сокини шаҳри Турсунзода

Посух
Дар ҳақиқат олимони амрикоӣ исбот кардаанд, ки духтарчаҳои фарбеҳ нисбат ба духтаракони лоғарандом тезтар ба балоғат мерасанд. Онҳо 354 нафар духтаракони 3-12 соларо мавриди таҳқиқ қарор дода, аниқ намудаанд, ки 168 нафари онҳо аллакай дар 8-9 солагӣ аломатҳои инкишофи ҷинсӣ п адид омадаанд. Ин дар ҳолест, ки давраи гузариш баъди 10-солагӣ шуруъ мешавад. Онҳое, ки нисбати ҳамсолонашон барвақттар ба балоғат расидаанд, духтарчаҳои бузургҷусса буданд. Сабаби ин падида ба фикри олимон табаддулоти зиёди ҳормонҳо дар организми духтарчаҳои фарбеҳ мебошад. Ин хеле хатарнок аст, чунки балоғати барвақтии наврасон ҷиҳатҳои манфии зиёд дошта, хатари оғози барвақтии ҳаёти ҷинсӣ ва гирифтор шудан ба саратон, аз ҷумла саратони синаро меафзояд.
Мутахассиси барҷастаи Русия Михаил Корякин дар ин бора гуфтааст: “Вазни духтар ба 40 кг нарасад, функсияи репродуктивии организмаш фаъол намешавад. Гап дар сари он аст, ки қабати чарбу аз ҷиҳати ҳормонӣ хеле фаъол буда, сарчашмаи эстроген (ҳормони занонаи ҷинсӣ) мегардад. “
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар қадар духтарак фарбеҳ бошад, ҳамон андоза қабати чарбу зиёд ва эҳтимолияти ба балоғат расиданаш бештар мегардад. Шахсоне, ки духтар доранд, бояд ба реҷаи хӯроки фарзандонашон аҳамият диҳанд ва нагӯзоранд, ки духтарони ноболиғашон аз ҳад фарбеҳ шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД