Arzon march 2024
ДУХТАРЧАИ 7-СОЛАРО МОШИН ЗАДУ...
1299

Рӯзи 18-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3507», Нуров Маҳмадмуссо Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Эсанбой ба самти ҷамоати деҳоти Лоҳур, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Азизова Бибимарям Зубайдуллоевна, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Азизова Б.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД