Надя Рушева дар синни 5-солагӣ ба расмкашӣ шуруъ карда, бо истеъдоди нодиру фавқулодааш ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Мутаассифона, Надя ҳамагӣ 17 сол умр дид, вале тӯли ин умри кӯтоҳ ӯ тавонист бо мусаввараҳои «Ҷанг ва сулҳ», «Анна Каренина», «Шоҳзодаи хурдакак» ва ғайраҳо бинандаро мафтун созад. Аҷибаш ин аст, ки ин русдухтари боистеъдод дар ин муддат аз худ зиёда аз 12 ҳазор асар ба мерос гузоштааст.
Субҳи 6-уми марти соли 1969, вақте ки Надя ба мактаб мерафт, ҳангоми пушидани пойафзол дар хонаашон афтида, вафот мекунад. Табибон сабаби марги духтараки боистеъдодро дар хунравӣ ба мағзи сар ва бемор будани рагҳои хунгарди майнаи сар маънидод намуданд. Он солҳо бемории мазкур пурра омӯхта нашуда буд, ҳоло бошад, ташхис ва табобаташ имконпазир аст.