Formula novemver 2024
Духтарҷанг дар Исфара
1640


Ду духтари ҷавон мисли “бандит”-ҳое, ки дар филмҳои амрикоӣ намоиш медиҳанд, аз мӯйи сари як духтараки дигар, ки зоҳиран 14-15 сола менамояд, маҳкам дошта, духтари бечораро лату кӯбкунон зӯран, кашон-кашон ба лаби об мебаранд ва ба оби сард тела медиҳанд.

Духтарак бо тамоми овоз гиря карда, аз озордиҳандагонаш бахшиш мепурсад, вале он ду духтари сангдил ба доду фарёди рақибашон заррае ҳам аҳамият надода, ӯро дубора ба об мепартоянд...
Ин навори видеоӣ, ки рӯзи 17 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, аз ҷараёни духтарҷанг дар Исфара сабт шудааст, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Дар навор дида мешавад, ки ду духтари ҷавон як духтари дигарро шаттазанон ва аз мӯяш кашола карда ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин меафтад, вале боз зери мушту шаттаи рақибонаш қарор мегирад.
Ҳамин тавр он ду духтари бераҳму сангдил ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Духтарак гирёну нолон таваллою зорӣ мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд ва қасам хӯрда мегӯяд: “Ман ин корро намекунам, кардагӣ ҳам набудам, апаҷон...”
Аммо ҳарчанд духтар бегуноҳ будани худро собит карданӣ шуда, ҳатто тавба мекунад, нолаю фиғони ҷабрдида ба дили сангини он ду духтар асар намекунад ва ӯро гаштаю баргашта ба даруни оби сард тела медиҳанд.
Аз навор маълум нест, ки барои кадом кораш ин духтари бетолеъро ба чунин ҷазои сангин гирифтор кардаанд ва духтарҳое, ки ӯро озор медиҳанд, кистанд.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, аксари истифодабарандагони интернет аз масъулин хоҳиш карданд, ки ин духтарҳои авбошсуратро пайдо карда барои худсарона ҷазо додани як духтари дигар ва ташкил и “самосуд” ҷазо диҳанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фавран аз паси ин масъала шуданд ва аллакай субҳи 18- декабр маркази матбуоти ШВКД-1 дар шаҳри Исфара хабар дод, ки шахсияти ҳар се иштирокчиёни ин навор муаян карда шудааст. Таассуфовараш он аст, ки ҳамаи духтарҳое, ки дар ин духтарҷанги бераҳмона ширкат доштаанд, ноболиғ мебошанд. Духтари ҷабрдида ҳамагӣ 14-сол доштааст, духтарҳое, ки ӯро лату кӯб карда, ба об тела доданд, яке 14 сола ва дигарӣ 16-сола будааст. Наворбардори ин саҳнаи дилхарош низ духтар ва ноболиғ будааст.
Саволи муҳим ин аст, ки дар синни 14-16-солагӣ ин ҳама қаҳру ғазаб ва нафрату бадбинӣ дар вуҷуди духтарон аз куҷо пайдо шудааст?
Вақте духтарон аллакай аз 14-солагӣ ба пайроҳаи ҷиноӣ қадам монда, рақибашонро худсарона чунин ҷазои сангин медиҳанд, дар оянда аз чунин духтарон чи қадар бераҳмию разолатро метавон интизор шуд?
Ин духтарҳо чунин кирдорҳои ваҳшиёнаро аз куҷо омӯхтаанд?
Волидон куҷо буданд ва мактабу муаллимон ба куҷо менигаранд?
Куҷост шарму ҳаё ва иффати тоҷикона?
Духтаронро ба барги гул ташбеҳ медиҳанд, агар “барги гул” ба чунин авбошию сангдилӣ қодир бошад, пас вой, сад вой...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД