Arzon march 2024
Духтарамро эрка кардам, балои ҷонам гашт
880

Дар бисотам як духтарча дорам. Ӯро хеле эрка калон кардаам. Ба хотири ӯ шавҳар накардам. Ӯро бо хоҳиши худаш ба дӯстдоштааш ба шавҳар додам, аммо ҳанӯз аз арӯсиаш 3 моҳ нагузашта, ба хона баргаштааст ва мегӯяд, ки аз гову моли ҳавлии хушдоманаш безор аст.

Духтарам мехоҳад аз шавҳараш ҷудо шавад. Домод, хусуру хушдоманаш бисёр одамони бомаърифат, аммо вай худсарӣ карда мегӯяд, ки мехоҳад ба Русия, пеши ким-кадом дугонааш биравад.

Хуллас, ман фишори хун шудам. Ин қадар пул сарф карда, ду хонавода тӯй кардем, аммо айни замон духтарам беақлӣ дорад.

Як ҳафта пеш аз фурудгоҳи Домодедово занг зада гуфт, ки оча, маро накоб, ман ба Маскав омадам. Ба ман бошад, як рӯз пеш фиреб карда, гуфта буд, ки ба хонаи дугонааш ба тӯй меравад.

Ниҳоят, ҳам пеши қудо хиҷолат кашидаму ҳам сахт нороҳат шудам. Ҳоло бошад, ӯ аз ман қаҳр карда, телефонро умуман намегирад. Метарсам, ки бо ягон одами ганда шинос нашуда бошад.

Хулоса, кӯдакро ҳаргиз эрка калон накунед, ки эрка балои ҷон мешавад!

Саодат РАҲИМОВА, сокини ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД