Солҳост, ки аз ғами духтари беақлу гумроҳам ғам мехӯрам. Бо ягон восита пеши роҳашро гирифта натавонистам.
Хуни дил шуда, тамоми шароитро барояш муҳайё намудам, то аз рафиқонаш паст намонаду таънаи камбағалӣ нашунавад, вале бар ивази ғамхориҳоям ба сарам бало харидам. Духтарам эркаву оқибат бероҳа гашт. Ягон зарра маро писанд намекунад. Ба гапам гап мегардонад, насиҳаташ кунам, дарҳол «кампири шилқин» гуфта, ба даҳонам мезанад.
Падараш солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти яроқбадастон кушта шуду азобу уқубати фарзандон ба сари ман бор гашт. Як писару як духтарро бо чӣ азобу уқубат калон кардам, танҳо худам медонаму Худованд. Дар бозор сабзавот фурӯхта, зиндагиро пеш мебурдам. Писарам бачаи бо тарбияи бо нангу номус аст. Соли гузашта мактабро хатм намуда, ҳамроҳи рафиқонаш мардикорӣ рафт, вале духтарам як офати тапа тайёр аст. Замони акааш дар хона будан каме аз ӯ ҳарос дошт ва бе иҷозаташ аз хона берун намерафт, вале аз рӯзе, ки писарам рафт, ин духтар балои ҷонам гашт.
Дар пеши чашмам бо мардҳо чақ-чақ карда, баногоҳ гум мешавад. Ҷангаш кунам, ба сарам дод мезанад. Намедонам чӣ хел духтарамро аз роҳи бад гардонам. Ба бародараш занг зада, ҳама қилиқҳояшро гӯям, омада пора-порааш мекунад, агар нагӯям, ин духтар торафт бе фаросат шуда истодааст. Бегоҳирӯзиҳо мошинҳои қимматбаҳо назди хонаам омада, духтарамро мепурсанду аз шарми ҳамсояҳо замин намекафад, ки дароям. Ин духтари беақл дар назди мардум маро сархаму шарманда кард. Фарзандамро аз роҳи бад чӣ гуна баргардонам, мардум?
Мағфират