Мардеро бо гумони дастдарозӣ кардан ба номуси духтари 15-солааш дастгир намуданд. Прокуратураи генералӣ нисбати марди бадахлоқ парвандаи ҷиноӣ тартиб дода, дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки ин падар ҳанӯз аз синни 13 солагӣ ба фарзанди худ чашм ало карда, пайваста бо истифодаи зӯрӣ духтарашро таҷовуз карда, таҳдид менамудааст, ки дар сурати ба касе даҳон кушоданаш ӯро зинда намегузорад. Духтарак аз тарс муддати ду сол ин сирро пинҳон доштааст. Танҳо пас аз он ки духтар аз падари худаш ҳомиладор шуд, ҳақиқат рӯйи об баромад.
Модари духтар дар сӯҳбати видеоӣ ба блогер sirojiddin media гуфтааст, муддати ду сол боз духтари 15 солааш аз тарафи падараш мавриди хушунати ҷинсӣ қарор доштааст.
“Рӯзи 7-сентябр, тахминан соатҳои 13, вақти хӯроки нисфирӯзӣ буд, духтарам ба ман занг зада, дар бораи амалҳои номатлуби падараш нақл кард. Ростӣ, аввал боварам наомад. Ин ҳангом ӯ дар мактаб буд ва ман амр кардам, ки ба хона равад, вале дар ҷавоб гуфт, ки агар ба хона меравам, падарам маро мезанад”-қисса кардааст модари ноболиғ ба sirojiddin media.
Худи духтарак низ тасдиқ намудааст, ки аввалин маротиба дар синни 13-солагӣ падараш ба ӯ дастдарозӣ карда буд ва ҳоло аз падари худаш ҳомиладор аст.
Прокуратураи генералии Узбекистон ин хабарро тасдиқ намуда, иттилоъ додааст, ки нисбати ин мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, гумонбар дастгир карда шудааст. Ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот айни замон ному насаби мард пинҳон дошта мешавад.