Телефон пай дар пай занг мезад. Ин занги пуризтироб маро ба ташвиш оварду ҳама кору борамро як сӯ гузошта гӯшакро бардоштам. Марде бо овози ларзон салом дода пурсид:
-Апаҷон, ин ҷо идораи «ОИЛА» аст?
-Бале бародар, гӯш мекунам.
-Мехостам зиндагии талхамро қисса карда аз хонандагони гӯшаи «Дугонаҳо» маслиҳат пурсам. Дӯст дошта оиладор шудам. Ростӣ, падару модарам ба издивоҷи мо розӣ набуданд, вале мани ошиқ ду поямро ба як мӯза андохта хоҳед, нахоҳед ҳамин духтарро мегирам гӯён исрор кардам. Зиндагиамон аввалҳо хуб буд, якдигарро ҳурмату эҳтиром мекардем, ба қавле аз байнамон қил намегузашт. Соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк шудем. Занам 2 моҳ пеш бо Марҳабо ном ҷавонзан дугона шуду оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Пештар занам аз хати кашидаам берун намебаромад, вале аз рӯзе, ки бо Марҳабо дугона шуд, хулқу атвораш дигаргун гашта, ба гапам гап мегардондагӣ шуда монд.
Нописандиаш ба дараҷае расид, ки аз ман ақаллан як даҳон напурсида ҳамроҳи дугонааш ба Туркия рафтаст. Муддати як моҳ мешавад, ки дар хона нест. Падару модарам маро зан доданиянд, вале ман ҳеҷ ба як хулосаи аниқ омада наметавонам. Дар миёни дуроҳа монда чӣ кор карданамро намедонам, аз ҳамин сабаб ба «Оила» муроҷиат намудам, то хонандагони сершумораш роҳи дурустро ба ман нишон диҳанд.
И., ш. Душанбе