Gazprom july 2025
Дугонаам солҳо нону намакамро хӯрда, шавҳарамро дуздид
17.08.2025
Oila.tj
571

Салом! Ман як зани хиёнатдида, мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то дигар занҳои тоҷик огоҳ гашта, дар зиндагӣ ҳушёр бошанд.

Ростӣ, замоне фикр мекардам, ки дар дунё ягон чиз наметавонад меҳру муҳаббати ману шавҳарамро кам кунад, чунки мо мисли Лайлию Маҷнун ошиқи шайдои ҳамдигар будем, вале марде, ки бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медоштам, ба ман хиёнат кард. Рӯяш дар гӯр одами хиёнат мекардаро, ӯро тоҷи сар карда, аз сараш борони меҳру муҳаббат бирезӣ ҳам, боз кори худашро мекардааст. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ба ман бегона не, шахси солҳо нону намакхӯрдаи хонадонам дидаву дониста хиёнат кард. Ӯ дугонаам буд. Дугонаи ҷониам, ки бароям мисли хоҳар буд, оқибат бо шавҳарам ишқварзӣ кард.

Ростӣ, аввал зиқ шудам, зеро ду нафаре, ки онҳоро одамони наздики худ медонистам, ба ман хиёнат карданд. Нафароне, ки ба онҳо бовар доштам. Вале дигар илоҷе набуд.

Хулоса, қазовати онҳоро ба Худо супоридам, чунки барои як булҳавас то қиёмат сӯхта гаштан фикр мекунам дуруст нест. Аз баҳри ҳар ду баромадам ва зиндагии нав оғоз кардам. Ба дигарон низ маслиҳат медиҳам, ки ҳушёр бошанд ва барои як хиёнаткор худро ба азоби алим гирифтор карда, беҳуда ашк нарезанд, чунки одами хиёнаткор ҳатто ба як қатра ашк намеарзад.

С. Н.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД