Дугонаам девона мешавад...
08.11.2025
Oila.tj
196

Ману Зебӣ солҳост, ки дугонаҳои ҷонием. Зебӣ модарашро хеле барвақт, ҳанӯз дар айёми наврасӣ аз даст дода буд. Солҳо азоби бемодарӣ кашида бошад ҳам, духтараки зиндадил буд, ғамро мудом бо ханда мекушт, вале аз рӯзе, ки ӯро фотиҳа карданд, кораш ҳамеша гиряву нола аст.

«Ман чӣ хел бе модар арӯс мешавам?» гуфта мегиряду мегиряд. Хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба қабристон равам. Гуфтам, ки ба оромгоҳ даромадани ҷинси латиф мумкин нест, вале зориву илтиҷо намуд, ки хоҳишаро рад накунам. Дилам ба чашмони ашкбораш сӯхту розӣ шудам. Баробари аз дари қабристон даромадан Зебӣ «очаҷон, рӯзе, ки як умр орзу мекардӣ, фаро расид, биёву чодари арӯсиамро бизан ва қади арӯсии духтаратро тамошо кун. Бихез очаҷон, бихез, охир меҳмонҳои духтаратро кӣ пешвоз мегирад?

Бихез очаҷон, ман бе дуои ту, бе панду насиҳатҳои ту чӣ хел ба хонаи бахтам меравам? Зиндагидориро аз кӣ ёд мегирам? Ба ман кӣ сабақи ҳаёт медиҳад, очаҷон, ҷон очаҷон, бихез…» гӯён, чунон нола кард, ки ҷигарам об шуда рехт.

Бо чашмони аз гиря варамида базӯр дугонаамро кашола карда аз қабристон баровардам. Ҳоли табоҳи Зебӣ аз рӯзе, ки ба сари гӯри модараш рафт, табоҳтар гаштааст.

Дигар на чизе хӯрдан мехоҳад, на майли бо касе суҳбат кардан дорад, фақат «ман бе оча шавҳар намекунам, дугона» гуфта гиря мекунад. Тақдирро тадбир нест, бинобар ин мехоҳам ба Зебӣ бигӯям:

- Зебиҷон, бахтатро пеши по назан! Бо «бе оча шавҳар намекунам» гуфтани ту модарат дубора зинда намешавад. Беҳтараш бо обрӯ ба шавҳар баромада руҳи модаратро хурсанд гардон дугонаҷон!

МАРЯМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД