formula55
ДУГОНААМ АЗ СПИД ДАРГУЗАШТ
12.01.2021
ОИЛА
9593

 

Садои «Во балам, во арӯси номуродам, чаро раҳм ба ҷони ҷавонат накардӣ! Чаро маро дар назди дӯсту душман шармсор кардӣ! Хок бар сари ман барин модари эркадор!” - холаи Мастура дар субҳи солеҳон мардуми деҳаро ба по хезонид. 

Дар як дам ҳавлии холаи Мастура пур аз одам гардид. Шиносу ношинос ашк мерехтанд. Яке барои Шабнами ҷавонимаргу дигаре барои нолаҳои дилсӯзи модари ӯ. Аз ҳама пеш ман, ки ҳамсинфи Шабнам будам ба хонаи онҳо омадам. Танҳо ман сабаби марги дугонаи наздикамро медонистам. Маънии гиряҳои модари ӯро дарк мекардам. Ашики чашмонам қатор вориди ҳуҷраи маит буда даромадам. Дар мобайни хона ҷасади зебои дугонаам Шабнам рост карда шуда буд. Манаҳашро чунон баста буданд, ки гӯё вай табассум мекард. Чашмони нимвояш гӯё ба тарафи ман нигоҳ мекард.

  Шабнам бо ҳамроҳии ман дар як синф таҳсил мекард. Мо аз овони хурдӣ дар як деҳа ба дунё омадем ва дар ҳамсоягӣ,  зиндагонӣ мекардем. Аз ин сабаб аксар вақт моро падару модаронамон аз хонаи ҳамдигар ҷустуҷӯй мекарданд. Ба мактаб бо ҳам рафтем ва якҷоя дарс тайёр намуда аксаран баҳои якхела мегирифтем. Тарзи либоспӯшиамон низ як хел буд. Синфи 8- ро тамом карда ба синфи 9 гузаштем. Ду бародари Шабнам дар Россия буданд. Ба муносибати хатми синфи 8 додаронаш барои хоҳарашон телефонии дастие тӯҳфа намуданд. Бародарон ба хоҳарашон телефони гаронбаҳоеро тақдим намуда буданд. Ҳангоми таътил Шабнам чӣ тавр бо телефон кор карданро омӯхт. Телефон аз дасти ӯ канда набуд. Шабона телефонро дар таги болинаш монда хоб мекард. Дар муддати кутоҳе ба воситаи телефон вай дӯстони нав пайдо кард. Бародарон телефонии ӯро бо Интернет пайваст намуда буданд. Дар сайти «Одноклассники» даромада буд. Расми зебои худро низ дар телефонаш ҷой карда буд. Телефонии вай лаҳзае хомӯш намеистод. Мо, ки калон шуда будем аксари кори хона бар души мо афтида буд. Модарам ба монанди солҳои пеш намегузошт, ки ман рӯзи дароз ба корҳои бекора машғул бошам. Аз ин сабаб бо Шабнам кам вомехӯрдем. Рӯзе писари холаам ба хонаамон омада аз ман дар бораи дугонаам Шабнам пурсон шуд. Ман аз Шабнам, ки бадие надида будам ва рафтори бади вайро намедонистам нисбаташ суханҳои неке гуфтам. Писари холаам –Хуршед сухани маро бурида нисбати дугонаии ҷонии ман гапҳоеро гуфт, ки аз шунидани онҳо шармам омад. Аз писари холаам ранҷидам, ки нисбати дугонаи ман суханҳои бешармие гуфт.

   Рӯзи иди Рамазон мо ба тамошои шаҳр баромадем. Дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ гаштугузор менамудем, ки телефонии Шабнам садо дод. Ӯ бо телефонии худ бо касе гап мезаду аз чашмонаш шарора мепарид. Баъди тамом шудани сухани телефонӣ ман аз ӯ пурсидам, ки бо кӣ гап задӣ, ки ин қадар хурсанд ҳастӣ!? Ӯ ба ман ҷаоб дод, ки бо Рустам. Ман пурсидам, ки ин кадоми Рустам аст? Ӯ ҷавоб дод, ки ҳамсояи холаам мебошад. Бале, ман ин Рустамро мешинохтам. Ин Рустам аз мо чандин сол калон буд. Боре хонадорҳам шуда буд. Гуфтаҳои писари холаам ба ёдам расиду ба Шабнам муроҷиат кардам, ки синну соли ману ту ҳоло барои шунидани ин суханҳо ва рафторҳо хело ҷавон аст. Барои мо рафтори бад кардан намезебад. Шабнам ба тарафи манн норозиёна назар андохта:

   “ Шумоён, дугонаҳо барои ма ҳасуд мехӯред!. Шумоён ба монанди ман зебо нестед. Аз ин сабаб ба Шумо касе нигоҳ намекунад. Ман муҳтоҷи шунидани насиҳатҳои ту нестам!”.

  Бовариам намеомад, ки ин суханҳо аз даҳони дугонаи ҷониам мебарояд. Ин суханҳоро шунида, аз алам гиристам, ки барои чӣ ман солиёни зиёде бо ин духтар дугона шудам. Дар он рӯз писари холаам боз ба хонаамон омад. Вай боз аз ман дар бораи дугонаам пурсид. Хомӯш истодани маро дида ӯ телефонии дастиаашро ба ман дода гуфт, ки худат амалҳои дугонаатро ба чашми худ бубин ва хулосаатро барор. Ман қаҳрамониҳои дугонаамро бо писарҳо дар телефон дида, аз шарм ва қаҳру ғазаб телефонро ба замин зада шикастам. Шабнамро дигар ҳар рӯз савори мошинҳои хориҷӣ медидем. Падари ӯ дар Россия буд. Модараш бошад боварӣ дошт, ки духтараш ба шаҳр рафта забони англисӣ ва  компютерӣ меомӯзад. Мо ҳамсинфон имтиҳонҳои хатми синфи 9- ро супорида, дар хонаи як ҳамсинфамон ҷамъ омадем. Ҳама шод аз он будем, ки синфи 9-ро тамом кардем. Маъюс аз он мегаштем, ки қисми зиёди духтарон ва писарони ҳамсинфамон дигар хоҳиши таҳсил дар мактабро надоштанд. Ҳамсинфи ҳамадони мо Сафаралӣ ба мо гуфт, ки медонед Шабнам дар куҷо аст? Ягон нафар аз ҳамсинфон дар бораи ӯ чизеро донистан намехост. Сафаралӣ ба суханаш идома дода гуфт, ки Шабнам дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ хоб аст. Ин сухан моро дар ҳайрат гузошт. Ба Шабнам чӣ шуда бошад, ки дар беморхона афтодааст?

  Бегоҳ модари Шабнам ба хонаамон омад. Ӯ ба монанди пештара хурсанд набуд. Сараш хам ва чашмонаш гиряолуд. Ӯ дар болои кат амонат нишасту ба ман нигариста гуфт, ки дугонаат дар беморхона хоб аст. Ҳоҳиш кард, ки ту ба назди вай равӣ. Ман бо Шабнам қаҳрӣ будам ва модару хонагиҳо инро намедонистанд. Бо гардани баста ва хоҳиши модари Шабнам ва модари худам ба беморхона рафтам. Маро модари Шабнам ҳамроҳи мекард. Духтурон иҷозат надоданд, ки ба ҳуҷраи Шабнам дароям. Модараш бо чӣ илоҷе ба ҳуҷраи Шабнам даромада вайро ба берун баровард. Ман Шабнамро қариб нашинохта будам. Хеле хароб ва рангҳояш зард гашта буд. Шабнамро ба ин аҳвол дида ба наздаш рафтам ва гарданашро гирифта хуб гиря кардем. Модари Шабнам барои харидани дору рафт ва ман бо Шабнам танҳо монда, сабаби бемориашро пурсидам.

   Шабнам бо оби дидаи шашқатор ба нақли саргузашташ сар кард.


    “ Ман туро дар он рӯз беҳуда ранҷонидам. Гумон доштам, ки ба ман бахилӣ менамоӣ. Телефонии тӯҳфа кардаи бародаронам ҳаёти маро сузонид. Телефонии дасти маро ту дида будӣ.  Рустам худашро ошиқи шайдои ман нишон медод. Як бегоҳ вай манро ба мошинаш савор карда ба дараи Варзоб бурд. Боду ҳавои ин дараро ман бори аввал медидам ва мафтуни боду ҳаво ва суханҳои Рустам шудам. Он рӯз бори аввал маззаи шаробро чашидам. Як пиёла нӯшидаи май сарам ба чархзадан даромад. Рустам аз телефонии худ як филми фа ба телефонии ман гузаронид. Ман он филмро тамошо карда аз таъсири май ва масти ҷавони хоҳиши чунин ишқварзӣ гардидам. Филм ҳиссиёти маро ба ҷӯш оварда буд. Ману Рустам он рӯз дар Варзоб мондем. Ман номуси худро аз даст додам. Ман дигар духтари 15 сола набудам. Ман зан шуда будам. Ман нафаҳмидам, ки он рӯз Рустами номард ҳамаи амалҳои шаҳвонии кардаи Моро дар телефонии худам сабт карда будааст. Саҳар худро дар оғӯши Рустам лучи модарзод дида фиғонам ба осмон баромад. Рустам ба ман ваъда дод, ки зиқ нашав ман туро мегирам. Ман ба суханҳои ӯ бовар кардам.

  Модарва хонаводагиҳоро фақат фиреб медодам, ки ман курси компютери ва забони англисӣ мехонам.   Бо Рустам шаш моҳ айш рондем. Дӯстони Рустам хеле зиёд буданд. Ӯ рафиқони афғон ва эрониву туркӣ низ дошт. Дар базме яке аз рафиқони серпули Рустам хоҳиши ба ман ҳамхоба шуданро кард. Ман аз он мард дурӣ ҷӯстам. Рустам бо баҳонае аз хона баромад. Ман аз таъсири шароб маст гашта будам. Он мард маро озод бардошта ба хонаи хоб бурд. Ман дигар чи шуданашро намедонам. Ин хел воқеаҳо тез- тез такрор мешуданд. Рустам гӯё чизеро намедонист. Дар як шаб 5-6 нафа мардҳо ба манн ҳамхоба мешуданд. Рӯзе сарам чарх заду ба замин афтодам. Ин кор дар хонаи як дугонаам шуд. Маро бардошта ба беморхона бурданд. Духтурон ташхис намуданд, ки ман ҳомиладор шудаам. Аз кӣ намедонам. Дар он рӯз аз ман хун гирифта сабаби бемориамро муайян карданӣ шудаанд. Ташхиси хуни маро духтур дида маро лаънат кард ва фавран ба берун баромад. Баъди лаҳзае чанд нафар милисионерҳо ба назди манн омада, забонхати маро гирифтанд, ки бо киҳо хоб кардам. Ман дигар илоҷ надоштам аз тарси он ки маро дар телевизион нишон дода шарманда накунанд ҳамаи ҳодисаи ба сарам омадаро нақл кардам. Нишонаи Рустамро гирифта милисионерҳо баромада рафтанд. Ҳуҷраи маро дар алоҳидагӣ карданд. Модарам аз бемории ман хабардор шуд. Милисионерҳо ба хонаамон рафта, аз бемории ман модарамро огоҳ карда буданд. Рустам гуноҳро ба гарданаш намегирифт. Ӯ ба милитсионерҳо сабтҳои телефонии кардаашро нишон додаст, ки манн дар як шаб бо чанд нафар мард мехобидам. Рустам пул дода ҷонашро халос кард. Ман ба бемории аср СПИД- гирифтор шудаам. Дигар ҳар рӯз аз дард тамоми баданам ба сӯзиш медарояд. Ҳар рӯз интизори марг ҳастам. Ӯ саргузашташро гуфту гирякунон ба ҳӯҷраи бемориаш рафт. Ман бо модари ӯ ба хонаамон баргаштам.

Дугонаҳои азиз! Паз аз чанд муддати ин беморӣ дугонаам аз дунё даргузашт. Хешу ақрабо бедард мурдани Шабнамро шунида, гиребони тавба мебардоштанд, аммо тақдирро тадбир нест гуфтаги барин ин сир дар дили ман то ҳанӯз пинҳон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД