formula feb 2025
Ду зани тоҷик дар Русия ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шудаанд
637

Кормандони мақомоти милитсия ду далели ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор гаштани занҳои тоҷикро дар Федератсияи Русия ошкор кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.

Бино ба ититилои манбаъ, як сокини 28-солаи ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Раҷабалӣ ном шахс аз вилояти Свердловски Русия зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ваъдаи кори сердаромад ба шаҳри Богдановичи вилояти Свердловск бурдаанд ва ба асорати қарзӣ гирифтор карда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ гирифта, маҷбур кардаанд, ки дар фабрикаи пойафзолбарорӣ кор кунад.

Бо ҳамин усул онҳо боз як зани дигари 33-соларо аз ноҳияи Варзоб ба Свердловск бурда, ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор кардаанд.

Айни замон нисбати гумонбарон бо қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД