Дар ду рӯзи оянда - 4-5-уми октябр дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 4-5-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, ба аҳолӣ маслиҳат дода мешавад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянду биноҳоро зуд-зуд наму тоза карда, дар ҳолати зарурӣ ниқобҳои тиббӣ пӯшанд.