Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки ду шабонарӯзи оянда дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боронҳои шадид меборанд.
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзҳои 6 ва 7-ноябр ҳаво дар кишвар сард шуда, дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита бо ҳавои номусоид Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинони кишвар хостааст канал ва ҷӯйборҳоро аз хасу хошок ва сангу хок тоза кунанд, то боиси обхезӣ нагардад. Дар ин рӯзҳо сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, тавсия дода намешавад.
Дар сурати рӯй додани ягон ҳодиса шумо метавонед ба рақами 112 ва ё ба қисми навбатдории КҲФ бо рақамҳои: (+992) 93- 880- 28- 19, 223 -13- 11 занг занед.