arzon replenishment
Ду олиме, ки бо “воздушный шар” ба кайҳон парвоз кардан мехостанд
09.02.2025
Oila.tj
411

Ду олими англис дар асри 19 қариб ба кайҳон парвоз мекарданд. Ин ду ҷасур дар қабати болии атмосфера бо як ҳодиса аз марг наҷот ёфтанд.  

Ҷеймс Гейшери ҳавосанҷ ва ҳавонавард Ҳенри Коксуэлл бо мақсади илмӣ дар балунҳаво (воздушный шар) ба баландии ниҳоӣ баромаданд (ин ҳавонавардони боҷасорат мехостанд фаҳманд, ки кадом омилҳои метеорологӣ ба ҳолати замин таъсир мерасонанд). Тақрибан, дар ҳудуди 9000 метр Глейшер аз ҳуш меравад. Коксуэлл ҳам худро бад ҳис карда бошад ҳам, бо як азоб клапани идоракунандаро кушод, то қисми ҳидрогенро сар дода, аэростатро фароварда, шинонад. Бо як муъҷиза онҳо зинда монданд. Агар тақдирашон омад намекард, балунҳаво онҳоро ба ҳадди атмосфера боло мебурд, ки танҳо мурданашон имкон буду халос.

Эҳтимол аст, ки ба аҳволи ҳавонавардон хунукии шадиду норасоии ҳаво-кислород, ё ки хуруҷи бемории кессонӣ – ҳолате, ки дар ғаввосон (драйверҳо, нафароне, ки ба қаъри дарё меғутанд) вақти зуд ба рӯйи об мебарояд, ба вуҷуд меояд, яъне аз фишори якбораи ҳаво ба организм ба амал меояд, таъсир расонда бошад.

Ин ҳолат ба таърихи авиатсия, ҳамчун як ҳолати хатарнок ва якумин кӯшиши парвози инсон ба кайҳон маънидод мешавад, ки 5-уми сентябри соли 1862 ба рух дода буд.

Глейшер боз 21 парвоз анҷом дода, мушоҳидаҳои худро қайд карда буд, ки он дар омӯзиши ҳолатҳои бодуҳавосанҷӣ нақши зиёд доранд, зеро ӯ кашф намуд, ки чи тавр борон вақти ба замин афтодан намиро ҷамъ карда, қатраҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ӯ ташхис намуд, ки суръати шамол ҳангоми болову поён вазидан дар атмосфера иваз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД