Марди 34-сола сокини ноҳияи Деваштичро бо гумони ба саломатии ҳамсараш зарари ҷисмонӣ расонидан дастгир кардаанд.
Номбурда, 23-юми июни соли ҷорӣ бо ҳамсараш зани 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо корд ду маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вобаст ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.