Дар Душанбе ду нафар бо гумони дуздии беш аз 630 ҳазор сомонӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои мақомот, Исматулло Қурбонови 26-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Сайфулло Дусанови 37-сола, сокини шаҳри Ваҳдат рӯзи 27-уми июн пинҳонӣ вориди манзили як сокини пойтахт дар кӯчаи Испечак шуда, аз дохили ҷевон маблағи зиёда аз 630 ҳазор сомониро гирифтаанд.
Пулис гуфтааст, ки дар ошкор ва боздошти гумонбарон як мард мусоидат кардааст. Ба ӯ барои ҳамкорӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода шудааст.
Нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, дуздӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.