arzon replenishment
Ду ҷавон дар дарёи Сир ғарқ шудаанд
203

Ду ҷавон аз деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон дар дарёи Сир ғарқ шудаанд. Ҷасади онҳоро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, ин ҳодиса рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ рух додааст. Навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар додааст, ки ин ду нафар, ки дар оби Сир шиноварӣ мекардаанд, ғайб задаанд.

Бо дарёфти хабар дастаи ғаввосони раёсати Кумита дар вилояти Суғд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади яке аз онҳо соати 09:03 дақиқа ва дуюмӣ соати 11:03 дақиқа поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар ҳудуи қаҳвахонаи “Набережный” ва боғи фарҳангии “Наврӯзгоҳ” пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки яке аз ғарқшудагон 21 ва дуюмӣ 19-сола будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД