Sebiston new 2024 october
ДӮСТОНИ РАДИОӢ (ҚИСМИ-1)
2641

Ишқи мамнӯъ

 

Баҳор ба оламиён курунову ба ман ишқ овард...

 Санавбарам дар сар ҳавои бо ман будан дошт, аммо аз як тараф шавҳараш ва аз ҷониби дигар марази душвортабобат ҳар чӣ бештар ӯро аз ман дур менамуд.

 

         Номам Шодӣ. Ба гуфтаи дигарон, ба сароянда марҳум Кароматуллоҳи Қурбон зиёд шабоҳат дорам. Ҳангоми ҷавонӣ нигоҳи пурмеҳру ҳаваси духтаракон рухсораҳоямро сурх менамуд, аммо бо гузашти замон, баъди оиладоршавӣ ва падари як шоҳписару як шоҳдухтар шудан, ба нигоҳи мардум одат кардам. Ҳамсарамро, ки духтур ва оромии қалби ману осудагии падару модарам ҳаст, зиёд дӯст медорам...

         Зимистон буд. Кӯча сард, аммо дили ман пурҳарорат. Чанде буд дар рӯйхати дӯстонам дар шабакаи фейсбук духтаракеро медидам. Маълум буд, ки аксҳои худаш нестанд, аммо шигифтовар шикебоӣ ва одобаш буд. Зиёд мехостам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам, аммо ҷуръати қадами аввал бардоштанро надоштам. Як шом, аниқтараш шоми ҷашни Валентин –14 феврал, аз Санавбар ба ман паёмак омад:

-Салом. Ба касе монанд кардам ё шуморо дар ҷое дидаам.

Ман ки худ муддате мунтазири чунин фурсат будам, бо ҳазл ҷавоб додам:

-Салом. Надонам, дар радио нишон надода бошанд боз?!

-Ҳа. Агар дар радио нишон медоданд, ана он вақт мешинохтам,- гуфт ва табассуме кард.

Ин фақат як стикери табассум буд, аммо ман аз хандааш чунон шод шудам, ки... Фурсатро аз даст надодаму сӯҳбатро идома бахшидам. Суҳбатамон қур гирифт. Ҳар бори шунидани садои омадани паёмак дар телефонам бароям муждаи зиндагонӣ буд. Ниҳоят шод мешудам. Агар Худо накардаву ду дақиқа дертар ба паёмак ҷавоб мегардонд, ҳазорон фикр ба сарам меомад: Накунад ӯ дигар маро нахоҳад? Шояд ягон иштибоҳ кардам? Чӣ гуна аз дилаш барорам? Чӣ мехоста бошад? Занг занам ё не? Агар ба ӯ чизе шуда бошад, чӣ? .....

Дар чанд рӯз алаккай дӯстони хубе шудем. Аввалин суҳбатамонро ёд оварда, ҳамдигарро “дӯстони радиоӣ” мехондем.

 

Дӯстони радиоӣ – ибораест, ки то охирин нафас аз хотираам покаш намесозам. Фикр мекардам, ҳар бор ин ибораро шунавам, қалбам тундтар метапад, аммо ҳоло аз шуниданаш ҷаҳон бар сарам овор мешавад.

 

Суҳбатҳоямон он гуна тулонӣ буданд, ки баъзан шабҳо намехобидем. Санавбар духтур аст ва ман омӯзгор. Ҳар ду ҳам субҳгоҳон барвақтӣ бояд ба кор мерафтем, аммо на фикри кор дар сарам буду на андешаи зиндагӣ. Новобаста аз ин ҳама монеаҳои сари роҳамон қарор дошта... Охир Санавбар аз ман солҳо калон буд, соҳиби чор фарзанд ва мунтазири набераи дар роҳ будааш. Бачаҳаки калонии ман Исмоил бошад, ҳамагӣ панҷ сол дорад. Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, ӯ бошад дар шаҳри Ҳисор. Ман ҳамсар дорам, ӯро бошад, чанд сол пеш шавҳараш раҳо карда, ба Россия рафт ва дигар бенишон шуд. Аз суҳбатҳоямон маълум шуд, ки Санавбарам дар замине, ки ба номи падари фарзандонаш буд, хонаву дари зебо сохтааст. Тамоми ҷавонияшро ба фарзандонаш бахшидааст.

Ҳамин таҷрибаи зиндагидорияш буд, ки ишқам ба ӯ ҳар лаҳза меафзуд. Санавбар низ гӯё дар ман зиндагии дубораро ёфта бошад, ки баъзан аз таҳти дил механдид. Баъди ин ки шавҳараш ӯро тарк намуд, зиндагӣ барояш тоқатфарсо гашт, борҳо қасди худкӯшӣ кард, аммо ҳар бор падару модараш сари вақт расидаву наҷоташ доданд. Шиносоӣ бо ман барояш зиндагии тоза буд. Гӯё баногаҳ дар қабри торике нур дамида бошад. Барои ман ҳам ғайричашмдошт, аммо ҳодисаи ҳаётофар буд. Албатта, чунон ки гуфтам, ҳамсари нозанин ва Исмоилу Ёсаминам – фарзандонамро аз ҳар касеву ҳар чизе зиёдтар дӯст медорам, аммо ҳеҷ наметавонистам идомаи зиндагиямро бе Санавбар тасаввур намоям. Ва акнун мепардозам ба ёди лаҳзаҳои ширинтарини умрам.

 

Аввалин дидор ва ғарқ шудан дар чашми ҳамдигар

 

Охири фасли сармо ва омад-омади баҳорон буд. Баҳоре, ки барои тамоми аҳли башар мусибати куруноро овард, барои ман хушқадам буд. Ҳар гӯшаи Душанбешаҳр мардум аз пайдоиши вируси нави барои инсоният комилан ноошно ҳарф мегуфтанд, аммо ман на парвои олам доштаму на парвои одам. Як рӯз Исмоилу Ёсаминамро гирифта, ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе рафтам. Қаблан бо Санавбар дар тамос шудаву ӯро низ даъват кардам. Як кам дар назди даромадгоҳи боғ мунтазираш мондам. Ба ман занг заду гуфт, ки каме дер меояд ва тавсия дод, ки бачаҳоро дохили боғ кунам. Ҳатман то онҳо сайри боғи ҳайвонот мекунанд, ки Санавбар ҳам аз Ҳисор расида меояд. Чунин ҳам кардам. Баъди тамошои боғ ба Санавбар занг задам:

-Алло, Санавбар, ту куҷо шудӣ, мо аз боғ баромадем?

-Ману духтарам Оиша ҳам худи ҳоло расидем. Дар истгоҳам.

Гаштаму тарафи истгоҳ нигоҳ кардам. Аз байни издиҳоми халқ ӯро шинохтам. Намедонам ким чӣ хел аз дигарон фарқ дошт. Албатта аз он аксҳое, ки ба ман мефирист, солхӯрдатар будааст, аммо ин барои ман аҳамият надошт. Наздамон омад. Бо ман салом карду кӯдакҳоямро бӯсид. Ниҳоят шармгин ва бовиқор буд. Гуфт:

-Бо диданам ҳайрон шудед?

-Не, барои чӣ ҳайрон шавам?

-Охир ман нисбати аксҳо солрафтатар менамоям?

-Не, Санавбарам. Ниҳоят зебоӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД