Arzon march 2024
ДӮСТОНИ ФАРЗАНДОНАТОНРО МЕШИНОСЕД?
16.05.2021
Оила
1900


Дар яке аз нашрияҳои масонистҳо бо номи «Шарқи Аъзам» (чопи соли 1923) омадааст: «Ба сабаби дур доштани шахс аз хонаводааш шумо метавонед ахлоқро решакан намоед.

Зеро нафсҳо ба қатъ кардани алоқаҳои хонаводагӣ ва наздик шудан ба корҳои ҳаром майл доранд. Аз ба дӯш гирифтани мушкилоти оилавӣ дида, айшу нӯш кардан дар ишраткадаҳоро хубтар медонанд».

Бинобар ин, таваҷҷуҳ дошта бошед, ки фарзандонатон бо кӣ дӯстӣ мекунанд. Оё шумо бо онҳо пештар шинос будед ва мулоқот кардед? Медонед, ки берун аз хона фарзандонатон бо кӣ ҳамроҳанд ва ба чӣ машғуланд? Оё зери болишт, бистар ва кати фарзандонатон ягон чизи шубҳаовар ёфтаед?

Баъзе падарон огоҳ нестанд, ки фарзандонашон аксу навори видеоии занони фоҳишаи урёнро бо худ доранд. Ё ин ки пинҳонӣ ба истеъмоли шаробу маводи мухаддир машғуланд.

Иддае хабар надоранд, ки духтаронашон пинҳонӣ ба назди шайтонҳои инсӣ рафта, мулоқоти маҳрамона мекунанд ва ё бо дугонаҳои бадахлоқ ёр шуда, шароб менӯшанд.

Ашхосе, ки дар тарбияи фарзанд масъулият эҳсос намекунанд, ҳаргиз наметавонанд худро аз масъулияти фардои қиёмат халос кунанд ва аз сахтиҳои он рӯз бигурезанд.

Муҳаммад Солеҳ Алмунҷид дар китоби «Чиҳил насиҳат барои ислоҳи хонавода» менависад, ки падар бояд зимни назорат баъзе нозукиҳоро риоя намояд.

1. Лозим аст, ки назорат пинҳонӣ сурат бигирад.

2. Бо баҳонаи назорат набояд, ки дар хона муҳити тарсу ваҳшатро ба вуҷуд орад.

3. Зарур аст, ки ҳангоми баёни насиҳат ва ҷазо додан синну соли фарзандон, дараҷаи фаҳму идрокашонро ба назар гирад.

4. Бояд бо зиракӣ рафтор намояд, то эҳсос накунад, ки эътимодро аз даст додаанд.

5. Аз фишор ва таҳқиқи шадид ҳазар намояд.
Хулоса, набояд ҷилави фарзандро раҳо кард, то ҳарчи хоҳад анҷом бидиҳад ва падар ба ӯ коре надошта бошад. Чунин афкор аз ақидаи гумроҳони Ғарб маншаъ гирифтааст, ки «падар бояд ба ахлоқи фарзанд дахолат накунад».

Фардои қиёмат фарзандон аз гиребони падари бепарвову ғофил ва бетараф хоҳанд гирифт, ки «чаро маро аз роҳи гуноҳ боз надоштӣ?»

Роҳ ёфтани ашхоси муфсид (бадахлоқ) ба хона оташи адовату душманиро миёни аҳли оила аланга медиҳад ва гоҳо сабаби ҷудо шудани мард аз занаш хоҳад шуд. Пайдоиши сеҳру ҷоду дар хона ё дуздида шудани баъзе чизҳо ба сабаби ба хона роҳ ёфтани чунин ашхоси нопок сар мезанад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо ашхоси бадахлоқ дӯстӣ макунед ва онҳоро ба хонаи худ роҳ надиҳед, ки рафиқи бад аз мор ҳам бештар зарарнок аст. Чунончӣ, Мавлавӣ фармудааст:

Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
То тавонӣ мегурез аз ёри бад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД