Spitamen
ДӮСТДОШТААМ ХОҲАРИ ХУНИЯМ БАРОМАДУ...
07.02.2021
ОИЛА
6143

Аз кӯдакӣ бепадар ба воя расидам, чи рӯзҳову чӣ азобҳоро аз сар гузаронидем, танҳо Худо медонаду халос. Шукри Худованд, имрӯз соҳиби ҷойи корам, бо арақи ҷабин бошад ҳам, ризқамро меёбам. Ҳамеша орзу мекардам, ки бо духтари зардинаи қоматбаланд оиладор шавам, вале тақдири Худо буд ё чизи дигар, ки бо арӯси интихобкардаи модарам издивоҷ намудам.

«Сағера куҷо равад, ки осояд»,- гуфтани халқ беҳуда набудааст, Занам нодухтар баромаду ҳамон шаби аввал ҷавобашро додам. Чанде пас духтари орзуҳои дилам, яъне зардинаи қоматбаландро вохӯрдам. Аз нигоҳи аввал эҳсос намудам, ки тамоми вуҷудам ошиқи шайдояш гашт. Рақами телефонамро додам…
Вохӯриҳои мо ширину гуворо буданд, аз дидораш ҳеҷ серӣ надоштам. Қарор додем, ки ҳамхона мешавем, вале…

Модарамро ба хонаашон хостгорӣ равон кардам. Оҳ хок бар сари тақдири бадам! Дӯстдоштаам хоҳари хуниям баромад. Ба духтари зани дуюми падарам ошиқ шуда будам мани бадбахт!
Сиёвуш

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Яке ошик шудам 2021-02-09, 22:41
Хучанд
Посух
хххх 2021-03-05, 15:16
ихали корхо мешавад гам нахь
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Яке ошик шудам 2021-02-09, 22:41
Хучанд
Посух
хххх 2021-03-05, 15:16
ихали корхо мешавад гам нахь
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД