Як ҳамкурсамро пинҳонӣ дӯст медорам ва дуо мекунам, ки дар оянда бо ӯ издивоҷ бикунам. Як дугонаам мегӯяд, ки духтар ҳақи дӯст доштан надорад. Оё ин дуруст аст?
САНАВБАР, донишҷӯ
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Агар ин муҳаббат шуморо ҷониби гуноҳ набарад ва аз роҳи росту муҳаббати Худованд дур насозад ва ба гуфтору кирдори номашруъ роҳнамоӣ накунад, ҳеҷ боке надорад. Ҳамчунин, боке нест, ки аз Аллоҳ талаб намоед, ки бо он ҷавон издивоҷ кунед, агар он ҷавон мусулмони худотарс бошад. Фақат кӯшиш кунед, ки ин муҳаббат чашми шуморо хира ва мағзи шуморо тира накунад, шуморо ба роҳи каҷ набарад ва обрӯятонро нарезонад...