Марги як хурдсол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз дасти доя, яъне парастор сару садоҳои зиёдро ба миён овард. Ин ҳодисаи гушношунид дар кӯчаи Ҷавонии шаҳри Бӯстон рӯй дода, як писарчаи 3-сола бо номи Ҳамза Муртазо ба дасти парастораш кушта шудааст.
Модар се кӯдакро ба дояи бегона супориду...
Бино ба иттилои масъулини РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, модари Ҳамзаи ғӯррамарг замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш ба Ҳусенов Шаҳбози 25- сола занг зада илтимос мекунад, ки падарастории се кудакашро ба зимма гирад. Тавре ки худи Шаҳбоз-гумонбар дар куштори кӯдаки сесола дар навор иқрор шудааст, ҳамагӣ ду моҳ пеш байни ӯву модари кӯдак шартномаи шифоҳӣ баста шуда, парастории ин писаракро бар дӯш гиирфта будааст.
Аз гуфтаҳои ин парастори бераҳм чунин бармеояд, ки модари Ҳамза моҳи сентябр аз Федератсияи Рассия ба Шаҳбоз занг зада, гиряву нола кардааст, ки кӯдаконашро ба парасторӣ бигирад. Шаҳбоз се фарзанди ин зани муҳоҷирро, ки 10, 7 ва 3 сола будаанд, бо шартномаи шифоҳӣ ба ӯҳда гирифтааст. Модари кӯдакон ваъда додааст, ки ҳар моҳ ба Шаҳбоз 2 ҳазор сомонӣ мефирстад, 1000 сомонӣ барои нигоҳубини кӯдакон ва 1000 сомонӣ барои хӯрду хӯроки фарзандонаш аст.
Кӯдакро дар ҳаммом зада кушт
Бино ба иттилои масъулини шӯъбаи корҳои дохилӣ, Шаҳбоз кӯдаки сесоларо ба хотири дар шимаш қазои ҳоҷат кардан ба ҳаммоми хонааш дароварда, то дами марг лату кӯб намудааст.
Мувофиқи ташхисӣ судӣ-тиббӣ 98% -бадани тилфи маъсум варамҳои хуномус ва сӯхта дошта, осори латукуби шадид джар танаш пайдо шудааст.
Тавре худи Шаҳбоз иқрор шудааст, баъди кӯдаки бегуноҳро мурданивор лату кӯб намудан вай писарчаро бо мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона мебарад, вале духтурон ба увзҳои нафаскашии кӯдак кислород пайваста мегӯянд, ки умеди зинда монданаш нест ва нафасҳои охиринашро кашида истодааст...
Шазбоз Ҳусенов, таваллуди 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, кафолати парастории се кӯдаки зани муҳоҷирро бар ивази 2000 сомонӣ ба зимма гирифта буд, аммо дар давоми ду моҳ кӯдаки сесоларо танҳо барои ҳоҷат кардан дар шимаш зада кушт. Худо медонад кӯдакони 7 ва 10 сола, ки айни шӯхию бозияшон мебошад, аз дасти ин парастори бераҳм дар ин рӯзҳо чи қадар озору уқубат дидаанд.
Ба фикри мо дар ин ҳодиса модари кӯдакон низ гунаҳгор аст ва мувофиқи талаботи қонун Оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Модоме, ки ин зан наметавонист се фарзандашро парасторӣ намояд, роҳи амнтару бехатар ба ихтиёри давлат супурдани бачаҳо буд, на бовар кардан ба парасторе, ки таҷрибаи муносибат бо кӯдаконро надорад. Ба дасти як ҷавоне, ки ҳамагӣ 25 сол дорад ва бар замми ин, мард аст, супурдани кӯдакон аз ҷониби модар бемасъулиятӣ аст. Ташхис муайян кардааст, ки дар бадани Ҳамзаи сесола 98% вараму хуномосҳо аз зарби задан пайдо шудааст. Бадани дигар кӯдкони ин модари фарзандбезор чӣ қадар вараму захм дорад, инро худо медонад!
Айни замон нисбати Шаҳбоз Ҳусенов, бо моддаи 110 КҶҶТ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саматӣ бо оқибати марг парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тавтишоти ин қазия идома дорад.