Далер Назаров, оҳангсоз ва овозхони шуҳратёру бе унвони тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 пешниҳод шудааст.
Ин овозхони саршинос ҳамроҳ бо гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии «Роҳ» бо коргардонии Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев ва офарандагони нақшҳои асосӣ — Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова, Абдукарими Машрабро чун оҳангосози филм аз ҷониби Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар бахши театр ва синамо пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон, «Қаламрави меҳр»-и Рустам Ваҳҳобзода, «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ»-и Ҷӯрахон Обидпур, меъмории «Тахти тоҷикон»-и Самӣ Азизиён, «Кафшергар»-и Равшан Махсумзод, «Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик»-и Абдураҳмон Абдуманнон ва Иосиф Брагинский ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод шудаанд.
Ин асарҳо моҳҳои март-май муҳокима шуда, баъди баррандагони ҷоиза эълон мешаванд.