Мунира Асматиллобекова, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз бистари беморӣ баъд аз ҷарроҳӣ омадааст.
«Ман аз падарам Азиз Асматиллобеков ва омӯзгорам Фариза Маҳмадназарова хеле миннатдорам, чунки тамоми китобҳоро маҳз бо кумаки онҳо пайдо кардам ва омодагӣ дидам”,- гуфтааст Мунира Асматиллобекова.
Гуфта мешавад, ки ин довталаб зиёда аз 130 ғазал, 140 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт қасида, 200 байт порча аз достон, 100 байт аз дигар навъҳои шеърӣ ва 25 асари насрии азхудкардаашро ба доварон пешниҳод кардааст.
Ӯ мақсад дорад дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб ояд ва маҳз ҳамин иродааш будааст, ки ҳатто бо вуҷуди беморӣ ва роҳи тӯлонӣ аз бистари ҷарроҳӣ хеста, тариқи чархбол ба Душанбе омадааст, то дониши худро санҷад.