Қабл аз оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои лигаи олӣ ҳамаи доварон дар ҷамъомади таълимӣ, ки дар шаҳри Турсунзода ҷараён дорад, аз санҷиши омодагии ҷисмонӣ бомуваффақият гузаштанд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, довароне, ки имсол бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро ҳакамӣ мекунанд, ҳангоми санҷиш меъёрро иҷро карданд ва ягон нафар ноком нагардид.
1-уми март ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, ки раиси кумитаи доварони ФФТ мебошад, бо доварон вохӯрӣ баргузор намуд. Ӯ доваронро барои бомуваффақият гузаштан аз санҷиш табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон дар бозиҳои мавсими нави чемпионати Тоҷикистон барору комёбӣ таманно кард.
Бояд гуфт, ки то анҷоми ҷамъомади таълимӣ доварон дарсҳои назариявӣ ва амалиро идома медиҳанд. Машғулиятҳои назариявиро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Владислав Сейтлин аз Ӯзбекистон мегузаронад.