Formula 2025 may
Доварони бозии “Равшан” ва “Ҳулбук” аз ҳақи ҳакамӣ маҳрум шуданд
192

Ҷаласаи онлайнии кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар пайи он доварони бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Равшан» - «Ҳулбук» муҷозот шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди таҳлили наворҳои ин бозӣ ба хулосае омадааст, ки довари марказӣ Хуршед Дадабоев пас аз маслиҳати довари эҳтиётӣ Қурбонмурод Шарифов иштибоҳан голи дастаи «Равшан»-ро дар дақиқаҳои охир ба дарвозаи «Ҳулбук» бекор кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба рафти бозӣ таъсир расонида, дар натиҷа рақобат мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.

Бо қарори Кумитаи доварони ФФТ доварон Хуршед Дадабоев ва Қурбонмурод Шарифов се давр аз ҳакамӣ дар тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД