Дар дар ҷашнвораи синамои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Мумбаи Ҳиндустон филми ҳунарии “Дов”-и “Тоҷикфилм” аз байни 14 филм ҷоизаи “Таваҷҷӯҳи ҳакамон”-ро соҳиб гашт. Дар ин бора коргардони филм Муҳиддини Музаффар иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки филм дар қатори дигар киноҳои маъруфи олам дар пойтахти синамои Ҳиндустон - “Болливуд” нишон дода шуд.
Қаблан, филми ҳунарии "Дов" барои иштирок дар сабқати “Медали Юнеско - Ганди” дар бахши озмуни байналмиллалии филмҳои ҳунарии Ҳинд ва ҷаҳон ба Ҳиндустон рафта буд ва дар номинатсияи “Филмҳои Осиё” беҳтарин дониста шуд.
Он замон аз байни 8 филми бахши Осиё, ки дар он филмҳои кишварҳои Япония, Ҳиндустон, Бангладеш, Шриланка ва Қирғизистон ширкат варзиданд, филми Тоҷикистон беҳтарин филм дониста шуд.
Филми мазкур аз замони пошхӯрии СССР ва мушкилтарин солҳо барои мардуми тоҷик, яъне солҳои 90- уми асри гузашта нақл мекунад. Коргардони он Муҳиддини Музаффар аст.дж: https://oila.tj/news/dov-dar-induston-o-girift