Arzon march 2024
Достони ишқи Меҳваршоҳ
06.02.2023
ОИЛА
6166


Салом ба кулли мухлисони сомонаи Оила. ТЧ!
Эълони озмуни “Достони ишқи ман”-ро хондаму захмҳои дилам аз нав рӯ заданд ва қарор додам, ки саргузашти ошиқонаи худро ба шумо нақл кунам.

Замоне гумон мекардам, ки ҳамаи достонҳои ошиқӣ ба монанди “Лайливу Маҷнун”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Фарҳоду Ширин” ва “Комде ва Мадан” афсонаанд, вале вақте ки ба синфи 10 гузаштам, оташи ишқ дар дилам якбора шӯъла зада, чи қадар дарди ширин ва ҳамзамон ҷонсӯз будани ишқро фаҳмидам.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, он рӯз машғули навиштан будем, ки директори мактаб бо духтари зебою қадбаланде вориди синфхона шуд. Баробари диданаш ман он қадар волаю шайдои он зебосанам гаштам, ки ду чашмамро ҳеҷ аз он духтар канда наметавонистам. Директор “шинос шавед, ин кас ҳамсинфи наватон Барно” гӯён, духтаракро бо мо шинос кард ва “Гузар шин, духтарам” гӯён барояш дар таҳсил муввафақият хоста, баромада рафт.

Барно бо сари хам омада дар паҳлӯи ман нишаст. Дар дили ман гӯё шӯри қиёмат барпо шуда бошад, дигар чизеро намешунидам, ҳушу ёдам танҳо банди абрувони дароз-дарози сип-сиёҳ, миҷгонҳои мисли камон баргашта ва чеҳраи барфсон сафеди Барно буд..
Баъдтар аз сӯҳбат бо ҳамсинфи навам фаҳмидам, ки Барно духтари шаҳрӣ будааст ва бо оилаи онҳо сабаби падарашро ба ноҳияи мо ба кор фиристодан ба ин ҷо кӯчидаанд. Хушхатона, хонаашон ба хонаи мо наздик буд ва ҳар боре, ки Барноро медидам, оташи ишқаш дар дили ман бештару бештар аланга зада, торафт ошиқтар мешудам.

Ҳамин тавр аз байн чанд моҳ гузашту фасли зимистон фаро расид. Моҳифеврал ман дар барф лағжида сахт афтидаму поям шикаст. Барно, ки духтари шаҳрӣ аст, рӯзи 23-феврал “ҳамаро табрик кардем, биёед рафта ӯро ҳам бо ид табрик мекунем” гӯён, ҳамсинфонамро ташвиқ кардааст, ки ба аёдати ман биёянд. Вақте Барно бо чеҳраи хандон аз дари хонаамон даромада, дасти худро барои саломкунӣ ҷониби ман дароз намуд, маро гӯё барқ зада бошад, ба худ ларзидам. Онҳо каме ҳазлу шӯхикунон бо ман нишастанду рафтанд, вале чеҳраи Барно чанд рӯзи дигар ҳеҷ аз пеши назарамдур намешуд. Дилам ба мисли мурғинимбисмил худро ба қафаси сина зада, танҳо дидори рӯйи Барноро мехост ва билохира сабру қарораз аст дода, ман аз ҷӯраи наздикам хоҳиш кардам, ки бо ягон баҳона Барноро боз ба хонаи мо биёрад. Дӯстам хоҳиши маро рад накарда, ӯро бо фиреб ба хонаамон овард ва моро танҳо монда, аз дар баромад. Ба чашмони Барно нигоҳ карда, изҳори муҳаббат намудам, вале вай бо ғазаб аз ҷояш ҷаста хесту таҳдидомез “Ҳоло мебинед, ки ман бо шумо чӣ кор мекунам! Пагоҳ бо падарам ба ин ҷо меоям” гӯён, баромада рафт.

Падари Барно марди хеле ҷиддӣ буд, аз ҳамин хотир мо аз сахт метарсидем. Дӯстам баъди 3 рӯз бо дили ларзон ба мактаб рафту мани аз карда пушаймон хавотир будам, ки аз рӯйи ман шуда ӯро аз мактаб пеш накунанд. Соат аз 13:00 гузашта дарун ба дарун худро мехӯрдам, ки ногаҳ дӯстам бо лаби хандон аз дар даромада гуфт: “Шодиёна деҳ, Барно ишқатро қабул намуда, ин номаи ошиқиро ба ту равон кард!” Аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. “Салом! Шумо чӣ хел? Саломатиатон хуб шуд? Маъзарат мепурсам аз рафтору кирдор ва суханҳои чанд рӯз пеш гуфтаам. Ман низ аз рӯзи аввали омаданам шуморо дӯст доштам, аммо намедонистам инро чи хел фаҳмонам, вақте он рӯз шумо ба ман изҳори муҳаббат кардед, худро гум кардам.”

Все партнеры сайт бел (2)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД