Arzon march 2024
Достони ишқи Сафаргул ва Мирсаид
07.02.2023
ОИЛА
18717

Дуруди гарму самимӣ ба кормандон ва хонандагони сомонаи дӯстдоштатаринам – “Оила”. Аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки пайваста ин сафҳаи пур зи маъноро мехонаму аз каму костӣ ва рӯзҳои беҳтарини тақдири аксарият воқиф мешаавам.

Банда Сафаргул ном дораму сокини пойтахти кишвари азизамон Душанбе мебошам. Соли 2017 бо қалби саршори меҳр ба таълим ва орзуву омоли пок роҳ пеш гирифтам, ҷониби Душанбе, зеро он замон баъди хатми мактаби миёна соҳиби номи баланди донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гаштам. Бо тақозои рӯзгор дар маҳаллаи Гипрозем, дар хобгоҳи духтаронаи ин боргоҳи илм иқомат ихтиёр кардам. Он ҷо ҳамхонаҳоям аз ҳар кунҷи кишварамон -аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳину Муъминободи баландкӯҳ ва сеюмӣ аз Панҷи пурганҷ ва тадбири тақдир, ки ҳар се ҳам ҳамкурс будем. 

Чун тадрис оғоз шуду касеро намешинохтам, дар фосилаи онҳо аз ошёнаи 3, ки факултаи мо он ҷо буд, ба 2 мерафтам, то бо ҳамхонаҳоям бошам. Ҳамин тавр, онҳо пайваста ҷавонеро аз ҷумлаи ҳамкурсонашон тавсиф мекарданду сари ҳар ҷумла ҳатман исмашро мегирифтанд. Ҳатто яке аз дугонаҳоям ҳамсинфаш буд ва пайваста аз хӯйи неку мардонагиаш мегуфт. Ман, ки аллакай пайваста васфу исми ӯро мешунидам, ғоибона ба ӯ меҳр бастам ва мунтазири он рӯзе будам, ки аз наздик бубинамаш.

Баъди гузораи чанд фосила тақдир чархашро ҷониби ман гардонд ва чун ҳарвақта ҳини танаффус шитофтам ба назди дугонаҳоям. Онҳо ӯро ҳалқа гирифта, суҳбат доштанд. Аз нигоҳи аввал ситораи ӯ бароям писанд омад, зеро ҳам зиёинамо буду ҳам соҳиби маърифати баланди инсонӣ, ки ин аз салом доданаш собит шуд. Вале, ҷуръат накардам ҳамсуҳбат шавем.

Аз миён се сол турнасон гузашту акнун оғози машғулиятҳои соли чорум буд. Фасли тобистон ба хотири кӯмак ба рӯзгори хонавода ва ҳам татбиқи донишҳои назариявӣ дар таҷрибаи амалӣ ба пойтахт омадам. Вале, чун ҷойи аниқи зист надоштам, ба яке аз дугонаҳоям занг задам, ки пештар аз ман омада буд. Ӯ гуфт иҷорахона дорад ва ман наздаш равам. Рафтаму қаҳрамони ғоибонаамро он ҷо вохӯрдам, ки дар ҳамсоягии мо иҷора менишаст ва чун додари дугонаам рафиқаш буд, баъзан аз дарвозаи мо ҳам медаромад.

Суҳбатҳои ширин, ҳазлу шӯхӣ, эҳтиром ва самимияташ боис шуд, то акнун ман дар ҳузураш озодтар бошам. Ӯ ҳам баъди чанд равуо ҷуръат карду бароям арзи ишқ намуд. Ин чун мақсуди дили худам буд, ризоият додам ва муҳлат хостам, то ҳамдигарро аз наздик биомӯзем.

Ошноӣ тӯл накашид, зеро ӯ марди қавл буд. Ҳамин тавр, зимистони соли 2020 бо Мирсаид оила барпо кардем. Ҳарчанд, рӯзи васли мо ба яке аз рӯзҳои сарди зимистон рост омад, вале маҳфил гарм буд, зеро дӯстони хеле зиёд дошт ва онҳо ба хотири эҳтиромаш аз пойтахту ҳатто вилояти Суғд меҳмони муъминободиҳо шуданд.

Имрӯз аз он меболам, ки мурғи бахт болои сарам шуду Мирсаид сутуни бому дарам ва бо гузораи ду сол аз ин шаҳди висол рӯзгори хушбахтона дорем. Сипос ба Худои ишқ, ки моро ба ҳам расонд.

Бо эҳтиром, Сафаргул

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД