Sebiston new 2024 october
Доруи равғани хукдоштаро хӯрдан ҷоиз аст?
515

 

Дирӯз аз дорухона барои кам кардани дарди меъдаам доруи креатин харидам. Баъд аз харидан дастурамалашро хондам, дар таркибаш равғани хук доштааст. Вале барои саломатиам онро истеъмол кардам. Фаҳмидан мехостам, ки хӯрдани ин дору ҳалол аст ё ҳаром? Агар ҳаром бошад, пас аз истеъмол ман бояд чӣ кор кунам?

Шамсиддин Раҷабов,

н. Варзоб

Бародари азиз, шумо аз мутахассиси ҳамон соҳа дар ин маврид суол кунед, агар аз таҷриба маълум бошад, ки ин дору барои дарди шумо муфид аст ва ғайр аз он доруи дигаре мавҷуд набошад, ки таркибаш аз ин гуна маводи нопок холӣ бошад, пас дар ин сурат истеъмолаш ҷоиз аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД