Arzon march 2024
ДОНИШҶӮРО БАРОИ КУШТОР СУД МЕКУНАНД?
5751


Нисбати Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохили Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.

Ин қазия ба марги фоҷиавии Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ иртибот дошта, додситонӣ Насим Амирзодаро бо қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “куштор аз беэҳтиётӣ” дар марги Меҳроншоҳ Ҷумъаев гумонбар медонад.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хизмат мекард, санаи 7-уми феврал дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ, зимни иҷрои вазифаҳои хизматии худ, ҳангоми қабул кардани силоҳ бар асари ду тири аз автомати “Калашников” кушодашуда ҷон дод. Додситонӣ мегӯяд, Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати ҳамкораш гаштааст, вале пайвандони марҳум ба ин иддао чандон розӣ нестанд. Холиқназар Ҷумъаев, амаки марҳум дар сӯҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ чунин гуфтааст:

"Аз автомат ду тир парронида шудааст. Қаблан ҳодисаи як тир аз беэҳтиётӣ паронидан ба қайд гирифта шуда буд, вале ин нахустин ҳолатест, ки аз автомат ду тир паронида шуда, тасодуф эътироф мешавад."

Додситонӣ тафтишоти қазияи марги фоҷиавии Меҳроншоҳ Ҷуъаевро аллакай ба охир расонида, парвандаро барои баррасии ниҳоӣ ба суд ирсол намудааст.

Дар сурати бо қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон “куштор аз беэҳтиётӣ” гунаҳкор эътироф шудани Насим Амизода ба ин ҷавон маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ва маҳрум намудан аз ишғоли мансаб таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД