Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишии тирандозӣ ҷойи якумро гирифт
18.11.2025
Oila.tj
117

Дар Донишгоҳи Кувайт мусобиқаҳои варзишии мухталиф баргузор гардида, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - донишҷӯйи курси 3-и ин донишгоҳ Бузургмеҳр Каримов дар мусобиқаи варзишии тирандозӣ сазовори ҷойи якум гардидааст.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар додааст, дар мусобиқаҳои варзишӣ беш аз 3000 донишҷӯёни ин муассиса, ки шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар Донишгоҳи Кувайт зиёда аз 43 ҳазор донишҷӯ дар 15 факултаи мухталиф таҳсил доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД