Sebiston new 2024 october
Донишгоҳи молия ва иқтисод дар Чин филиал мекушояд
396


Боиси хурсандист, ки солҳои охир обрӯву нуфузи донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ торафт боло меравад.

Ин боиси вусъат ёфтани ҳамкории муассисаҳои олии кишвари мо бо дигар давлатҳо мегардад. Дар чаҳорчӯбаи чунин созишнома ва ҳамкориҳои байналмилалӣ кушода шудани филиали Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин дар назар аст. Филиали Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар яке аз шаҳрҳои Чин ва намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD CO дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Тасмими мазкур зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст.

“Ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин аст,”- иттилоъ додаанд аз донишгоҳ ба Пресса. ТЧ.

Гуфта мешавад, ки намояндагони ширкати чинӣ бо шароити таълим ва вазъи таъминоти моддиву техникии донишгоҳ шинос шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД