Айни ҳол дар 10 факултети Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 4666 донишҷӯ аз рӯйи 53 ихтисос ба таҳсилоти рӯзона фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 91 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд. Аз миёни 4666 донишҷӯ 110 нафар аълохон ҳастанд.
Довталабон 1721 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 403 нафар дар шуъбаи ғоибона қабул шудаанд, ки 79,3 фоизро ташкил медиҳад ва ин нишондод аз соли қабл 720 нафар зиёд аст.
Дар ин донишгоҳ 30 нафар устод ва 250 нафар донишҷӯён бо забони англисӣ озод суҳбат мекунанд. Ҳамзамон, зиёда аз 1500 нафар бо забони русӣ озод ҳарф мезананд.
Дар соли 2024-ум 1069 нафар донишҷӯ ин донишгоҳро хатм кардаанд, ки 94-96%-и онҳо бо кор таъмин шудаанд. Чанд фоизи боқимонда ба шуъбаи магистратура ва хизмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд.
Ин нуктаҳоро Маҳмадёрзода Усмон - ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.